Тилло
English: Gold

Шаблон:Химические элемент кутти

Тилло (Зар)

Тилло (Зар) (Au) — элементи гуруҳи 11 (аз рӯи таснифоти кӯҳнашуда — дар зергурӯҳи иловагии гурӯҳи якум), даври шашуми системаи даврии элементҳои кимиёвии Д.И. Менделеев, бо рақами тартибии 79 мебошад. Бо аломати Au (лот. Aurum) ифода карда мешавад. Моддаи соддаи тилло - метали асили рангаш зард аст. Рақами бақайдгириаш CAS: 7440-57-5 мебошад.

Тилло яке аз металҳое аст, ки инсон онро 8 ҳазор сол муқаддам аввалин бор шинохт ва дар асри биринҷӣ (ё мезолит) занҳои Африқо худро бо мӯҳра, шадда ва нишонаҳои сарисинагии тиллоӣ ороиш медоданд. Истеҳсоли аввалини тилло, аз рӯи маълумотҳои археологӣ, дар Миср оғоз ёфта буд ва тиллоро Офтоб «қурси калону дурахшони тилло» меномиданд. Дар қадим ороиш бо тилло рамзи Офтоб, бойгарӣ ва чун пул хизмат мекард. Парастиши тилло чун инъикоси парастиши Офтоб дар рӯйи Замин, тавоногӣ ва бузургии он на танҳо дар Миср, балки ба тамаддуни дигар мамолик паҳн шуд. Дар он замонҳо дар Миср дар як сол 50 тонн тилло истеҳсол мекарданд, ки ин рақам ба рақами истеҳсоли тилло дар Русия (с. 1913), ё дар асри гузашта ИМА ва Канада ва ҳоло дар Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор тиллоро ҳосил мекунанд, рост меояд. Ҳол он ки миқдори (кларки) тилло дар қишри замин ҳамагӣ 5•10-7%-ро ташкил мекунад.Археологҳо дар водии Шоҳони Фив, соҳили чапи рӯди Нил, аз оромгоҳи Фиръавни номаълум маснуотҳои аз тилло сохташударо дарёфт намуданд. Соли 1922 археологи инглис Г.Картер аз тобути тиллогини мумиёкардашудаи Фиръавн Тутанхамон, ки зиёда аз 3400 сол қабл ба хок супорида шуда будаст, 110 кг тилло ва маргниқоби тиллоӣ ҳафриёт кард. Дар бораи тилло ривоят аст, ки фидоёни Миср бовар мекунонданд, ки гӯё Офтоб тиллоро офарида, ба Замин чун борон мерезад, аз он ёдгориҳои сутуну девормонанд бино мекарданд. Фиръавни Миср Эхнатон, ки тарафдори ситоиши Офтоб буд, бо фидоён муносибаташро канда, Фивро тарк намуд. Ӯ маркази ситоишгарони нав - ибодатхонаи Ахет-Атони берӯпӯшро, ки дар болои деворҳояш курсиҳои сайқалдода офтобро инъикос мекарданд, сохт. Ситоиши Офтоб дар байни дигар қабилаҳо низ паҳн шуда буд.Дар давраи кашфиётҳои географӣ (с. 1519) сайёҳи испанӣ Эрнан Кортесу ба Америка роҳ пеша кард, ҳиндуҳо ӯро бо табъи хуш пешвоз гирифта, дар қатори дигар тӯҳфаҳо ду курсии доираашон 1 м (яктоаш аз тилло, дигараш аз нуқра), чун рамзи ситоиши Офтобу Моҳтоб пешкаш карданд. «Ба некӣ – бадӣ» гуфтаанд. Ва Эрнан Кортес, Франсиско Писарро (а. XVI) ва дигар забткунандагони мамолики Америкаи Ҷанубӣ (Перу, Чилӣ, Аргентина, Эквадор, Боливия) тамоми бойгарии ин мамлакатҳоро тороҷ намуда, сиққа сохта ба Аврупо бурданд.Ҳоло дар пойтахти Колумбия ш. Богото дар Осорхонаи тилло 8000 номгӯйи маснуотҳои ситоишии ҳиндуҳои қадим маҳфуз аст. Саволе ба миён меояд, ки тилло дар осорхона аз куҷо пайдо шуд? Посух. Мардуми таҳҷоӣ як қисми маснуоти тиллоро аз испанҳо дар ҷангалҳои тропикӣ андаруни решаҳо пинҳон карданд. Қисми дигари онҳо садсолаҳо дар қаъри кӯли Гаутовита, ки аз рӯи расму оини муқаддаси атстекамҳо, инкиҳо ва халқиятҳои дигари Америкаи Ҷанубӣ ба кӯл партофта шуда буданд, онҳоро ба даст оварданд. Аз рӯи урфу одати ин халқият дар қадим доҳиро меҳрубонӣ мекарданд ва ба танаи вай хокаи тиллоӣ мемолиданд. Пас аз он ӯ бо ашхоси муқаддас дар сал нишаста, дар кӯл ба самти шарқ шино мекарданд. Ҳангоми шӯъла задани Офтоб дар соҳили шарқии кӯл доҳиро муборакбод, меҳрубонӣ намуда, ангуштарӣ, шадда, мӯҳра, тасбеҳ, гарданбанд, чанголи ҳайвонҳои аз тилло сохташударо ба болояш мепошиданд. Ҳоло қисми кӯлро хушк карда, маснуотҳои тиллоиро гирифта ба осорхона супориданд.Дар асрҳои баъдина муайян шуд, ки Миср аз тилло бой будаст ва онро ба бозори ҷаҳонӣ мебароварданд.Ҳазорсолаҳо сипарӣ шуда (2500 сол қабл), давлати Лидия (дар Осиёи Хурд) барои ба низом даровардани муносибатҳои иқтисодӣ бо Юнон ва Шарқ тангаи тиллоиро ба савдо баровард. Аз ин иқдоми нек шоҳи форсҳо Кир огоҳ шуда, Лидиоро ба итоати худ мегирад ва сиққакунии тангаи тиллоиро дар дигар мамолик паҳн мекунад.Дар асри XVII тангаҳои тиллоӣ дар Русия пайдо шуда, 10 руб. арзиш доштанд ва ба шарафи императори Русия Елизавета Петровна ин тангаҳо «империал» ногузорӣ мешуданд.Тилло металли асил, зардранг, ёзанда, кашолёбанда, вазнин (зичиаш 15,6 - 19,2 г/см3), мулоим (сахтиаш - 2,5-3), дар ҳарорати 10630С об мешавад, ба тунукаҳои нозук ва то 3-15 км сим дароз кашида мешавад. Аз рӯи ин хусусиятҳояш тиллоро дар ҷавоҳирот ва саноат истифода мебаранд. Дар ҷавоҳирот 75-76% тилло, электроника 9%, стоматология 3%, сиқкакунии тангаҳо 4% ва дигар соҳаҳои 8%, ва препаратҳои тиббӣ, хӯла, таҳқиқотҳои илмӣ, оптика, зарфҳои кимиёвӣ, симсозӣ ва расмтайёркунӣ истифода мешавад. Дар солҳои охир тиллоро бисёртар дар саноат барои тайёр кардани хӯлаҳое, ки барои кафшери маводи двигателҳои реактивӣ, мушакҳо, реакторҳои ядроӣ, самолётҳои суръаташон аз суръати овоз зиёдтар аст ва дигар таҷҳизотҳо истифода мебаранд.Бо тилло мушакҳо, киштиҳои кайҳониро мепӯшонанд. Масалан, дар киштии «Колумбия» америкоиҳо зиёда аз 40 кг тиллоро истифода карданд. Дар сатҳи қоғаз ё чӯб ширеши махсус молида, хокаи тиллоиро медавонанд, бо тилло рӯпӯш мешавад. Дар 1 м2 сатҳи ҷисм 3 гр. тилло сарф мешавад.

Адабиёт

Паддефет, Р. Золото Химия. М. : Мир, 1982. – 259 с.

Other Languages
Acèh: Meuih
Afrikaans: Goud
Alemannisch: Gold
አማርኛ: ወርቅ
aragonés: Oro
Ænglisc: Gold
العربية: ذهب
ܐܪܡܝܐ: ܕܗܒܐ
مصرى: دهب
অসমীয়া: সোণ
asturianu: Oru
Aymar aru: Quri
azərbaycanca: Qızıl
تۆرکجه: قیزیل
башҡортса: Алтын
Boarisch: Goid
žemaitėška: Auksos
Bikol Central: Bulawan
беларуская: Золата
беларуская (тарашкевіца)‎: Золата
български: Злато
भोजपुरी: सोना
Bahasa Banjar: Amas
বাংলা: সোনা
བོད་ཡིག: གསེར།
brezhoneg: Aour
bosanski: Zlato
буряад: Алтан
català: Or
Mìng-dĕ̤ng-ngṳ̄: Gĭng
Cebuano: Bulawan
Tsetsêhestâhese: Véhone-ma'kaata
کوردی: زێڕ
corsu: Oru
čeština: Zlato
kaszëbsczi: Złoto
словѣньскъ / ⰔⰎⰑⰂⰡⰐⰠⰔⰍⰟ: Ꙁлато
Чӑвашла: Ылтăн
Cymraeg: Aur
dansk: Guld
Deutsch: Gold
Zazaki: Zern
Ελληνικά: Χρυσός
emiliàn e rumagnòl: Ôr
English: Gold
Esperanto: Oro
español: Oro
eesti: Kuld
euskara: Urre
estremeñu: Oru
فارسی: طلا
suomi: Kulta
Võro: Kuld
føroyskt: Gull
français: Or
Nordfriisk: Gul
furlan: Aur
Frysk: Goud
Gaeilge: Ór
贛語:
Gàidhlig: Òr
galego: Ouro
Avañe'ẽ: Kuarepotiju
ગુજરાતી: સોનું
Gaelg: Airh
客家語/Hak-kâ-ngî: Kîm
עברית: זהב
हिन्दी: सोना
Fiji Hindi: Sona
hrvatski: Zlato
hornjoserbsce: Złoto
Kreyòl ayisyen:
magyar: Arany
հայերեն: Ոսկի
Արեւմտահայերէն: Ոսկի
interlingua: Auro
Bahasa Indonesia: Emas
Iñupiak: Manik kaviqsuaq
Ilokano: Balitok
ГӀалгӀай: Дошув
Ido: Oro
íslenska: Gull
italiano: Oro
日本語:
Patois: Guol
la .lojban.: solji
Jawa: Emas
ქართული: ოქრო
Kongo: Wolo
Gĩkũyũ: Gold
қазақша: Алтын
kalaallisut: Kuulti
ភាសាខ្មែរ: មាស
ಕನ್ನಡ: ಚಿನ್ನ
한국어:
Перем Коми: Зарни
कॉशुर / کٲشُر: سۄن
Ripoarisch: Jold
kurdî: Zêr
коми: Зарни
Кыргызча: Алтын
Latina: Aurum
Lëtzebuergesch: Gold
лакку: Муси
лезги: Къизил
Limburgs: Goud
Ligure: Öo
lumbaart: Or
lingála: Wólo
ລາວ: ທອງຄຳ
lietuvių: Auksas
latviešu: Zelts
मैथिली: सोना
мокшень: Зирня
Malagasy: Volamena
олык марий: Шӧртньӧ
македонски: Злато
മലയാളം: സ്വർണം
монгол: Алт
मराठी: सोने
кырык мары: Шӧртньӹ
Bahasa Melayu: Emas
Mirandés: Ouro
မြန်မာဘာသာ: ရွှေ
эрзянь: Сырне
Plattdüütsch: Gold
नेपाली: सुन
नेपाल भाषा: लुं
Nederlands: Goud
norsk nynorsk: Gull
norsk: Gull
Novial: Ore
Nouormand: Or
Diné bizaad: Óola
occitan: Aur
Livvinkarjala: Kuldu
ଓଡ଼ିଆ: ସୁନା
ਪੰਜਾਬੀ: ਸੋਨਾ
Kapampangan: Gintu
Papiamentu: Oro
पालि: औरियम
polski: Złoto
Piemontèis: Òr (element)
پنجابی: سونا
پښتو: سور زر
português: Ouro
Runa Simi: Quri
rumantsch: Aur
română: Aur
armãneashti: Malamâ
русский: Золото
русиньскый: Золото
संस्कृतम्: सुवर्णम्
саха тыла: Көмүс
ᱥᱟᱱᱛᱟᱲᱤ: ᱥᱚᱱᱟ
sicilianu: Oru
Scots: Gowd
سنڌي: سون
davvisámegiella: Golli
srpskohrvatski / српскохрватски: Zlato
Simple English: Gold
slovenčina: Zlato
slovenščina: Zlato
Soomaaliga: Dahab
shqip: Ari
српски / srpski: Злато
Sranantongo: Gowtu
Seeltersk: Gould
Basa Sunda: Emas
svenska: Guld
Kiswahili: Dhahabu
தமிழ்: தங்கம்
ತುಳು: ಬಂಗಾರ್
తెలుగు: బంగారం
ไทย: ทองคำ
Tagalog: Ginto
Türkçe: Altın
татарча/tatarça: Алтын
ئۇيغۇرچە / Uyghurche: ئالتۇن
українська: Золото
اردو: سونا
oʻzbekcha/ўзбекча: Oltin
vèneto: Oro
vepsän kel’: Kuld
Tiếng Việt: Vàng
Volapük: Goldin
walon: Ôr
Winaray: Bulawan
吴语:
хальмг: Алтн
isiXhosa: Igolide
მარგალური: ორქო
ייִדיש: גאלד
Yorùbá: Wúrà
Vahcuengh: Gim
中文:
文言: 金 (元素)
Bân-lâm-gú: Kim
粵語:
isiZulu: Igolide