Романтизм

Романтизм — тасвири асари бадеӣ дар илми адабиётшиносӣ, ҳастии ҷомеа ва ҳаёти воқеиро тасвир менамояд. Нависанда ба воситаи тахайюл ҳақиқати воқеиро ба ҳақиқати бадеӣ мубаддал месозад.

Ду роҳи ба ҳақиқати бадеӣ табдил ёфтани ҳақиқати воқеӣ вуҷуд дорад. Яке, воқеаи тасвиршаванда аз ҷиҳати ҳаҷму ҳудуд ва замону макон ба тағйироти куллӣ дучор меояд ва ин тасвири романтикӣ ном дорад. Дигаре, воқеаи тасвиршаванда аз ҳақиқати зиндагӣ фарқи зиёд надорад ва ин тасвири реалистӣ номида мешавад. Ин ду тарзи тасвири асари бадеӣ дар илми адабиётшиносӣ ду методи эҷодиро ба вуҷуд овардааст, ки романтизм ва реализм ном гирифтаанд.

Романтизм ва реализм чун истилоҳҳои адабӣ нимаи аввали асри ХIХ дар Аврупо пайдо шудаанд. Вале тасвирҳои романтикӣ ва реалистӣ диққати мутафаккирони xаҳонро аз давраҳои қадим ба худ xалб намудаанд.

Романтизм (фаронсавӣ — роман) чунин методи эҷоди бадеист, ки мувофиқи он ҳаёти воқеӣ дар асар ба таъбири философи немис В. Шеллинг (1755—1854), «на чунон ки ҳаст, балки чунон ки мебояд» тасвир мешавад. Тасвирҳои романтикӣ дар осори адибони классикии форсу тоҷик ба воситаи ифодаи ғояҳои халқпарварона, шоҳи одилу афсонавӣ, асотир, ҳаёти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва ғайра фароҳам омадаанд. Баёни рамзиву тамсилӣ ва муболиғаомез чун усули истифодаи асарҳои романтикӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик ҳам мавқеи муносиб дорад.Дар достонҳои Низомӣ («Искандарнома»), Амир Хусрав («Ойинаи Искандарӣ»), Ҷомӣ («Хирадномаи Искандарӣ») образҳои подшоҳони одилу некукирдор ва халқпарвару хирадманд офарида шудаанд. Дар охири ин асарҳо мамлакати обод ва мардумони озод ба тасвир омадааст, ки дар ҷомеаи инсонӣ то ҳол чунин мамлакати идеалӣ вуxуд надорад.Моҳияти тасвирҳои романтикӣ хонандаро ба шавқу завқ оварда, тасвирҳои боиси диққатҷалбкунандагии мундариҷаи асари романтикӣ мегардад. Бинобар ин, гоҳо адибон асарҳояшонро бо манзараҳои табиат ва дигар тасвирҳои xолиби романтикӣ ҳусни оғоз мебахшанд. Аз ин ҷиҳат, боби аввали романи «Дохунда»-и С. Айнӣ — «Дараи ниҳон» ҷолиби диққат аст. Дар ин боб манзараи табиии яке аз дараҳои кӯҳистони ҳисори Шодмон, ки ишқи Ёдгору Гулнор аз он сарчашма мегирад, тасвир ёфтааст. Махсусан, тасвири чашмаҳои кӯҳии Дараи ниҳон дар фасли баҳор назаррабо ва мафтункунанда мебошад. Нависанда шаффофии ҷӯйчаҳоро ба ойина ва софии оби ҷӯйчаҳоҳоро ба алмоспора монанд мекунад ва сабаби ин софкориро муболиғаомез «аз санг гузаронида» меноманд: «Оби ин ҷӯйчаҳо чунон соф аст, ки гӯё аз санг гузаронида софкориаш карда бошанд, монанди алмоспора беғубор менамояд… Канор ва замини ин ҷӯйчаҳо аз сангпораҳо бино ёфтааст, ки ба сабаби шустушeйи ҳамешагии об монанди ойина шаффоф шудааст».Тасвирҳои бадеӣ ба хонанда завқи бадеӣ ва лаззати эстетикӣ бахшида, ӯро ба дарки амиқи фалсафаи зиндагӣ раҳнамун месозад.

Эзоҳ

Other Languages
Afrikaans: Romantiek
Alemannisch: Romantik
aragonés: Romanticismo
العربية: رومانسية (فن)
asturianu: Romanticismu
azərbaycanca: Romantizm
تۆرکجه: رومانتیزم
башҡортса: Романтизм
беларуская: Рамантызм
беларуская (тарашкевіца)‎: Рамантызм
български: Романтизъм
bosanski: Romantizam
català: Romanticisme
Cebuano: Romantisismo
کوردی: ڕۆمانتیزم
čeština: Romantismus
Чӑвашла: Романтизм
Cymraeg: Rhamantiaeth
Deutsch: Romantik
Ελληνικά: Ρομαντισμός
English: Romanticism
Esperanto: Romantikismo
español: Romanticismo
eesti: Romantism
فارسی: رمانتیسم
français: Romantisme
Frysk: Romantyk
Gaeilge: Rómánsachas
贛語: 浪漫主義
galego: Romanticismo
עברית: רומנטיקה
hrvatski: Romantizam
magyar: Romantika
հայերեն: Ռոմանտիզմ
interlingua: Romanticismo
Bahasa Indonesia: Romantisisme
íslenska: Rómantíkin
italiano: Romanticismo
日本語: ロマン主義
Basa Jawa: Romantisisme
ქართული: რომანტიზმი
한국어: 낭만주의
kurdî: Romantîzm
Кыргызча: Романтизм
Lingua Franca Nova: Romanticisme
Limburgs: Romantiek
lietuvių: Romantizmas
latviešu: Romantisms
македонски: Романтизам
മലയാളം: കാല്പനികത
монгол: Романтизм
Nedersaksies: Romantiek
norsk nynorsk: Romantikken
occitan: Romantisme
ਪੰਜਾਬੀ: ਰੋਮਾਂਸਵਾਦ
Papiamentu: Romanticismo
polski: Romantyzm
پنجابی: رومانیت
português: Romantismo
rumantsch: Romantica
română: Romantism
русский: Романтизм
русиньскый: Романтізм
sicilianu: Rumanticismu
سنڌي: رومانيت
srpskohrvatski / српскохрватски: Romantizam
Simple English: Romanticism
slovenčina: Romantizmus
slovenščina: Romantika
српски / srpski: Романтизам
Seeltersk: Romantik
svenska: Romantiken
Tagalog: Romantisismo
Türkçe: Romantizm
українська: Романтизм
اردو: رومانیت
oʻzbekcha/ўзбекча: Romantizm
vèneto: Romanticismo
Tiếng Việt: Chủ nghĩa lãng mạn
West-Vlams: Romantiek
walon: Romantisse
Winaray: Romantisismo
中文: 浪漫主义
Bân-lâm-gú: Lô-bān-chú-gī
粵語: 浪漫主義