Овоздиҳии умумихалқӣ
English: Referendum

Овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) — яке аз падидаҳои муҳими демократияи бевосита ба шумор рафта, оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ гузаронида мешавад. Овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) аз интихобот бо мавзӯи изҳори иродааш фарқ мекунад.

Мавзӯи овоздиҳии умумихалқӣ ягон номзад ва рӯйхати номзадҳо набуда, балки масъалаи муайянест, ки ба хотири он овоздиҳӣ гузаронида мешавад. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар менамояд, ки қарорҳои бо овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) қабулшуда эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, ба ҳеҷ гуна тасдиқшавӣ эҳтиёҷ надоранд ва иҷрои онҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҳатмист. Дар овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) оид ба масъалаҳои пешниҳодшуда шаҳрвандони ҶТ, ки синнашон ба 18 расидаасту мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, иштирок карда метавонанд. Дар овоздиҳии умумихалқӣ шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ва ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи иштирок кардан надоранд. Шаҳрвандон дар овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) озодона, бевосита ва шахсан дар асосҳои баробар иштирок мекунанд. Овоздиҳии пинҳонии бавосита бо гирифтани варақа (бюллетен) сурат мегирад, назорат ба изҳори хоҳишу иродаи шаҳрвандон манъ аст. Шаҳрвандон дар овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) дар маҳалли зисти доимӣ ва ё муваққатии худ иштирок мекунанд. Дар варақаи овоздиҳӣ масъалаҳои гузошташуда бо овоздиҳии «тарафдор» ва «муқобил» ифода ёфтааст. Овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ)-ро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд. Ташаббуси таклиф дар бораи гузаронидани овоздиҳии умумихалқӣ (раъйпурсӣ) оид ба масъалаҳои муҳимми давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олӣ ва аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва ё на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. Овоздиҳии умумихалқӣ вобаста ба моҳияти масъалаҳо метавонад умумимиллӣ, яъне дар тамоми мамлакат ё ин ки маҳаллӣ бошад, ки дар марзи муайяни воҳидҳои марзию маъмурӣ гузаронида мешавад. Овоздиҳии умумихалқӣ дар ҶТ асосан 6 ноябри соли 1994 барои қабулиКонститутсияи нави ҷумҳурӣ ва тағйироту иловаҳо (26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003) гузаронида шуд.[1]

Нигаред

Other Languages
العربية: استفتاء عام
مصرى: استفتا
asturianu: Referendu
azərbaycanca: Referendum
беларуская: Рэферэндум
беларуская (тарашкевіца)‎: Рэфэрэндум
български: Референдум
bosanski: Referendum
català: Referèndum
کوردی: ڕێفراندۆم
čeština: Referendum
Cymraeg: Refferendwm
Deutsch: Referendum
Zazaki: Referandum
Ελληνικά: Δημοψήφισμα
English: Referendum
Esperanto: Referendumo
español: Referéndum
eesti: Referendum
euskara: Erreferendum
فارسی: همه‌پرسی
français: Référendum
Gaeilge: Reifreann
galego: Referendo
עברית: משאל עם
hrvatski: Referendum
հայերեն: Հանրաքվե
Արեւմտահայերէն: Հանրաքուէ
Bahasa Indonesia: Referendum
italiano: Referendum
日本語: 国民投票
ქართული: რეფერენდუმი
қазақша: Плебисцит
ಕನ್ನಡ: ಜನಮತಗಣನೆ
한국어: 국민투표
къарачай-малкъар: Референдум
Кыргызча: Референдум
Lëtzebuergesch: Referendum
Limburgs: Referendum
lumbaart: Referendum
lietuvių: Referendumas
latviešu: Referendums
македонски: Референдум
മലയാളം: ഹിതപരിശോധന
Bahasa Melayu: Pungutan suara
မြန်မာဘာသာ: ဆန္ဒခံယူခြင်း
Nederlands: Volksraadpleging
norsk nynorsk: Folkerøysting
occitan: Referendum
Papiamentu: Referéndum
polski: Referendum
پنجابی: ریفرنڈم
português: Referendo
română: Referendum
русский: Референдум
русиньскый: Референдум
sicilianu: Referendum
Scots: Referendum
srpskohrvatski / српскохрватски: Referendum
Simple English: Plebiscite
slovenčina: Referendum
slovenščina: Referendum
српски / srpski: Референдум
Kiswahili: Kura ya maoni
ślůnski: Absztimůng
Tagalog: Reperendum
Türkçe: Referandum
українська: Референдум
اردو: ریفرنڈم
oʻzbekcha/ўзбекча: Referendum
vèneto: Referendum
Tiếng Việt: Trưng cầu dân ý
ייִדיש: רעפערענדום
中文: 公民投票
Bân-lâm-gú: Kong-bîn tâu-phiò
粵語: 公投