Мӯй

Духтари ҷавон мӯйҳояшро шона карда истодааст, рассом Софи Гегенембре Андерсон

Мӯй (Pili) - торҳои найчамонанди маҳин ва нозуке, ки аз пӯст мерӯянд.

Мӯй ба ғайр аз кафи даст, пошнаи пой, пушти буғумҳои нохундор, лаб ва баъзе қисмҳои дигар қариб тамоми бадани одамро фаро гирифтааст. Мӯйи дароз (дар сар, занах, зери ноф, зери каш), қилмонанд (абрӯвон, мижгон ва ғ.) ва пашмакмонанд (дар тамоми бадан) мешавад.

Мӯӣ аз тор, ки берун аз пӯст ва реша (дар зери пӯст ҷой гирифта, бо пиёзаки мӯй интиҳо меёбад) иборат аст. Решаи мӯй якҷоя бо пиёзаки он дар фолликулаи мӯй ҷойгир буда, роҳи ғадудҳои чарб ба он рафта мерасанд. Фолликулаи мӯй (ғайр аз фолликулаи Мӯӣи қилмонанд) дорои бандчаи мушакҳои суфта аст, ки онҳо Мӯйро бардошта меистанд ва ба холӣ шудани ғадудҳои чарб мусоидат мекунанд. Ба пиёзаки мӯй пистонаки пайвастбофта, ки бо рагҳои хун ва нахҳои асаб фаро гирифта шудааст, ворид мешавад. Мӯй асосан аз кератин, ки сулфуру нитрогени бисёр дорад, иборат аст. Ранги мӯй ба пигменти таркибаш вобаста аст. Бо мурури синну сол миқдори пигмент кам ва тақсимоти он вайрон мешавад, мӯй сафед мегардад. Мӯйҳои бепигмент, одатан, сафеданд, ки онро албинизм меноманд.

Сабзиши мӯй

Сабзиши мӯй ба туфайли зиёд шудани ҳуҷайраҳои пиёзак сурат мегирад. Мӯй моҳе тақр. 1 см дароз мешавад. Вай мӯҳлати муайяни сабзиш дошта, пас аз он мерезад, ба ҷояш Мӯйи нав мебарояд. Давомоти ҳаёти мӯй сари мардон ба ҳисоби миёна 2 сол, мӯйи занон 4 – 5 сол, давомоти сабзиши мижгон 3 – 5 моҳ мебошад. Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 30 – 50 тор мӯй мерезад. Муайян шудааст, ки Мӯй баҳору тобистон нисбат ба зимистону тирамоҳ ва рӯз нисбат ба шаб тезтар месабзад. Мӯйи солим бақувват ва чандир аст (М. 100 – 200 г борро бардошта метавонад). Ба чандирии мӯй равғане, ки ғадудҳои чарб ихроҷ менамоянд, мусоидат мекунад. Ба суръату давомоти сабзиш ва хусусиятҳои мӯй омилҳои гуногун таъсир мерасонанд: синну сол (мӯйи пиронсолон борик ва сабзиши онҳо суст мешавад), ҳолати асабия ва узвҳои эндокринӣ, ҷараёни мубодилаи моддаҳо дар организм, хусусияти ғизо, нигоҳубини Мӯй ва ғ. Аз таъсири ҳарорат, ишқор (спирти навшодир, карбонати натрий, собуни ҷомашӯй ва ғ.) таркиби Мӯй тағйир ёфта, он камқувват ва мӯрд мешавад. Ихроҷи барзиёди чарби пӯст ва тағйир ёфтани таркиби химиявии он, ки дар натиҷаи вазъи ногувори асабу узвҳои эндокринӣ ба амал меояд, боиси серчарбии мӯй, зуд ифлос ва часпак шудани баъзе торҳои он мегардад. Дар натиҷаи аз беморӣ ё нигоҳубини нодуруст (зуд-зуд шустан, истифодаи оби дурушт, атр, маҳлулҳои спиртноки равғанбар, собуни ишқордор, тез-тез ҷингила кардан) суст гардидани кори ғадудҳои чарб М. аз ҳад зиёд мехушкад. Чунин мӯй хираю беҷило буда, зуд мерезад ва монанди мӯқалам тит мешавад.

Other Languages
Afrikaans: Haar
አማርኛ: ፀጉር
aragonés: Pelo
العربية: شعر (تشريح)
ܐܪܡܝܐ: ܡܙܬܐ
авар: Рас
Aymar aru: Ñik'uta
azərbaycanca: Saç
башҡортса: Сәс
беларуская: Валасы
беларуская (тарашкевіца)‎: Валасы
български: Коса
বাংলা: চুল
bosanski: Dlaka
català: Pèl
Mìng-dĕ̤ng-ngṳ̄: Tàu-huók
ᏣᎳᎩ: ᎤᏍᏗᏰᎬ
کوردی: موو
čeština: Chlup (zoologie)
Cymraeg: Blew
dansk: Hår
Deutsch: Haar
Zazaki: Porr
Ελληνικά: Τρίχα
English: Hair
Esperanto: Haro
español: Pelo
euskara: Ile
فارسی: مو
suomi: Karva
Võro: Karv
français: Poil
Gaeilge: Gruaig
Gàidhlig: Falt
galego: Cabelo
Avañe'ẽ: Tague
गोंयची कोंकणी / Gõychi Konknni: केंस
ગુજરાતી: વાળ
עברית: שיער
हिन्दी: बाल
hrvatski: Kosa
Kreyòl ayisyen: Cheve
Հայերեն: Մազեր
Bahasa Indonesia: Rambut
Iñupiak: Nuyaq
Ido: Pilo
íslenska: Hár
italiano: Pelo
ᐃᓄᒃᑎᑐᑦ/inuktitut: ᓄᔭᐃᑦ
日本語: 毛 (動物)
Basa Jawa: Rambut
ქართული: თმა
қазақша: Шаш
ಕನ್ನಡ: ಕೂದಲು
한국어:
коми: Си
Кыргызча: Чач
Latina: Pilus
лакку: ЧӀарарду
lietuvių: Plaukas
latviešu: Mati
മലയാളം: മുടി
मराठी: केस
Bahasa Melayu: Rambut
မြန်မာဘာသာ: ဆံပင်
مازِرونی: می
Nāhuatl: Tzontli
Napulitano: Pire (anatumía)
नेपाली: कपाल
नेपाल भाषा: सँ (म्ह)
Nederlands: Haar (zoogdier)
norsk nynorsk: Hår
norsk: Hår
ଓଡ଼ିଆ: କେଶ
ਪੰਜਾਬੀ: ਵਾਲ
Pangasinan: Buek
Kapampangan: Buak
पालि: केसा
polski: Włos
پنجابی: بال
português: Pelo
Runa Simi: Chukcha
română: Păr
русский: Волосы
संस्कृतम्: केशः
саха тыла: Баттах
sicilianu: Pilu
Scots: Hair
سنڌي: وار
srpskohrvatski / српскохрватски: Kosa
Simple English: Hair
slovenčina: Chlp (cicavce)
slovenščina: Las
chiShona: Vhudzi
Soomaaliga: Tin
српски / srpski: Коса
Basa Sunda: Buuk
svenska: Hår
Kiswahili: Nywele
தமிழ்: முடி
తెలుగు: వెంట్రుక
Tagalog: Buhok
Türkçe: Kıl
тыва дыл: Чаъш
ئۇيغۇرچە / Uyghurche: چاچ
українська: Волосся
اردو: بال
vèneto: Caveji
Tiếng Việt: Lông
walon: Poyaedje
Winaray: Buhok
isiXhosa: Iinwele
მარგალური: თუმა
ייִדיש: האר
Yorùbá: Irun
中文: 毛发
Bân-lâm-gú: Mô͘
粵語: