Кулолӣ

Хум, дар осорхона таърихии Хуҷанд
Маҳсулоти кори кулолӣ

Кулолӣ — яке аз касбҳои суннатии маъруфи тоҷикон мебошад, ки ба коркард ва сохтани маҳсулоти гилӣ марбут аст. Касби кулолӣ бештар дар шаҳрҳои калон рушд ёфта, маҳсулоти сохтаи онҳо нисбатан босифат, хушнамуд ва зебо буд. Дар деҳот зарфсозӣ ё кулолӣ, асосан, ба зиммаи занҳо буд. Онҳо аз гилҳои маҳаллӣ бидуни чархи кулолӣ зарфҳо сохта, дар ҷойи соя хушконида, дар оташдонҳои наздиҳавлигӣ мепухтанд. Барои сўзишворӣ, одатан, порӯи чорпои хонагӣ истифода мешуд.

Ба кори кулолӣ дар фаслҳои гарми сол машғул мешуданд. Хок ва гили онро кӯзагарон аз ҷойи махсус мегирифтанд. Ҳар гуна хоку гил барои зарфсозӣ мувофиқ набуд. Масалан, кулолони Истаравшан аз гили бута ва сурххок истифода мебурданд, дар Варзоб аз хоки сурхро аз кӯҳи Хӯҷахок меоварданд. Кулолони деҳаи Ёгеди Дарвоз гилро аз мавзеъи Виск оварда, зарф месохтанд. Кулолони Қаратоғ хокро кӯҳҳои атроф дар рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе меоварданд.Гилро аввал дар офтоб хушконида, бо кӯба мекӯфтанд, сипас бо об онро шӯрида, лой тайёр мекарданд. Баъзан бо гил регро низ аз элак гузаронида ҳамроҳ менамуданд. Агар кулолон кӯза, хум ё хурмаи калоне сохтанӣ шаванд, каме пашми буз меандохтанд, то ки мустаҳкамтар шавад. Лойро бо дасту по зер карда, ҳавояшро мебароварданд ва дар ҷойи сояву хушк бо латтаҳо пӯшонида мемонданд. Лой якчанд рӯз, баъзан то 10 рӯз, то расидан ва часпак шуданаш мехобид. Пас аз омода шудани лой як миқдори онро ҷудо карда, ба пештахтаи лоймолӣ гузошта, ба шакли зарфҳои дилхоҳ медароварданд ва баъдан онро ба дастгоҳ мениҳоданд. Дастгоҳи кулолӣ аз чархи пой, тир ва сандон (сумба) иборат буд. Усто бо пояш чархро тоб медод ва тири ба чарх устуворшуда низ тоб хӯрда, тахтаи гирдро мечархонид. Лойи болои тахта тоб хӯрда, кулол каме об ба он пошида, лойро лағжонак мекард, то ки ба шакли муайян дароварданаш осон шавад. Дар вақти шакл додан кулолон аз асбобҳои махсуси худ, ба монанди каҷкорд, қошуқ, гардангирак, товонча истифода мебурданд. Пас аз омода шудани зарф он бо қолибҳои белчамонанд, ғирғирак (ғарғара) ва ғайра ороиш дода мешуд. Нақшҳои кӯзаҳои сафолии маҳаллӣ чандон мураккаб набуданд. Қолибҳо нақшҳои хатти уреб, бодомча, чоркунҷа ва амсоли инҳоро доштанд. Баъзе занҳои кӯзагар баъд аз хушконидан ва пухтани зарфҳо бо рангҳои табиӣ маҳсулоти худро бо тасвирҳои гулу баргҳо ва хатҳои мавҷнок оро медоданд. Зарфи аз дастгоҳ гирифташударо, нахуст бо латтаи дар оби гили сурх таршуда мемолиданд, ки ин амал «маймолкунӣ» ё «гилобчакунӣ» ном дошт. Барои гилобчакунӣ аз гилҳои зардчатоб, сурх ва кабуд бештар истифода мешуд. Зарфҳоро дар ҷойи соя мехушкониданд. Баъд аз хушк шудан зарфҳоро аввал бо латтаи тар ва сипас бо хушк молида, сайқал мезаданд. Чун сайқалзанӣ ба анҷом расид зарфҳоро боз дар ҷойи соя ва баъдан дар офтоб дубора гузошта, пурра мехушкониданд. Зарфҳои хушкшударо дар хумдон ё оташдонҳои махсус мепухтанд. Хумдонҳо вобаста ба таъйиноту вазифаашон ду навъ мешуданд: хумдони калон, ки барои кӯзаву хуму хурмаҳо сохта шуда буданд ва хумдони косаву табақ, ки хурдтар буданд. Хумдон аз гулах – фарши оташафрӯзӣ, тур (пур) – ҷойи зарфгузорӣ ибрат буда, аз болояш сӯрохие калоне мавҷуд буд, ки онро «даҳани хумдон» меномиданд ва аз он зарфҳоро ба хумдон мениҳоданд. Девораҳои хумдон аз чор тараф бо номи «мурғак» сӯрохиҳои хурде барои дудбароӣ дошт. Зарфҳоро аз даҳанаи хумдон ба тур андохта, даҳани хумдонро бо сафолпораҳои кӯҳна маҳкам мекарданд. Аммо дар деҳот ҳар як зан дар ҳавлии худ ин корро анҷом медод. Барои сӯзишворӣ порӯи чорпои хонагӣ ба кор мерафт. Амали ҷобаҷогузории зарфҳоро дар оташдон «пурмонӣ» ва худи оташдони пур аз зафҳоро кӯтоҳ карда «пур» меномиданд. Барои чашм нарасидан ва бешикаст аз «пур» берун омадани зарфҳо занҳо як қатор амалҳои эътиқодиро анҷом медоданд. Дар деҳоти водии Рашт барои чашм нарасидан ба оташ каме испанд ё камч (пиёзи кӯҳӣ) меандохтанд. Баъзеҳо порае аз саргини сагро бо ҳамин мақсад ба оташи «пур» мепартофтанд. Пеш аз оташ додани сӯзишворӣ кулол дуо мехонд, аз худованд бешикаст берун омадани маҳсулоти сохтаашро талаб менамуд. Занҳои кулол дар Рашт ҳангоми дуо ҳатто ваъда мекарданд, ки агар зарфҳо безарару шикаст берун оянд, дуто кӯза ё зарфи дигарро садақа мекунанд. Дар баъзе деҳаҳои Қалъаи Хумб одате буд, ки оташи «пур»-ро духтари хона мафрӯхт. Ӯ нахуст ба тариқи дуо мегуфт: «пур сангакӣ, санг шиканаду пур не!».Оташи «пур» як шабонарӯз беист дарун-дарун месӯхт. Дар Дарвоз шабона гирди гулхан занҳои ҳамсоя ва кӯдакон ҷамъ мешуданд. Соҳибхона барои ҳамсояҳо кашк мепухт. Дар оташи кӯра чой ҷӯшонида, бо ҳам менӯшиданд. Бачаҳо дар оташи кӯра каду пухта мехӯрданд. Духтарон рубоихонӣ мекарданд, чистонёбӣ менамуданд калонсолон ба бачаҳо афсона мегуфтанд. Саҳар кулолзан зарфҳоро аз хокистар берун оварда, онҳоро хунук мекард, сипас ба онҳо об гирифта, якчанд соат ҳамин тавр мегузошт. Бо ин амал сӯрох ё тарқиши зарфҳо маълум мешуд. Ба зарфҳо чарбу ё равғани зард мемолиданд, ки онҳоро ҷилодор ва хушнамуд мекард. Кулолон беш аз 20 намуди зарфҳои гуногуни сафолиро истеҳсол менамуданд. Чунончи:

Ба ғайр аз зарфҳо кулолон инчунин дегдон, сарпӯши дегдон, кулӣ, бозичаҳо ва дигар маҳсулоти гилиро месохтанд. Косаву табақҳоро сир медавониданд ва бо рангҳо нақшҳо кашида ороиш медоданд. Рангро кулолон аз ишқор, маъданҳои табиӣ, гиёҳу маҳсулоти ҷонварон тайёр мекарданд.Кулолон ба мисли дигар косибон дар гузашта ҷамъияти махсус, қоидаву меъёр ва рисолаи касби худро доштанд. Пири кулолон Сайид Амири Кулол ба ҳисоб мерафт. Занҳои кулол дар Варзоб пири худ Бибӣ Кулолро (баъзан Бибӣ Ҳилол), дар Дарвоз Бӣ Кулол, дар Рашт Бӣ Саиди Кулолро пири касби худ мешумориданд. Ин касб аз насл ба насл бо усули устод-шогирд мегузашт. Занҳои ба духтарон ва хешдухтарони худ ҳунари кулолиро меомӯхтанд ва пас пурра аз худ кардани ин касб ба онҳо фотиҳа дода, ба кори мустақилона иҷозат медоданд. Касби кулолӣ дар байни тоҷикон то ба нимаҳои садаи ХХ маъмул буд, аммо бо пайдо шудани зарфҳои металию чинии корхонагӣ доираи истеъмоли маҳсулоти кулолӣ танг шуда, касби мазкур рӯ ба инқироз овард. [1]

Other Languages
Afrikaans: Keramiek
Alemannisch: Keramik
العربية: خزف
asturianu: Cerámica
azərbaycanca: Keramika
беларуская: Кераміка
беларуская (тарашкевіца)‎: Кераміка
български: Керамика
bosanski: Keramika
català: Ceràmica
čeština: Keramika
dansk: Keramik
Deutsch: Keramik
Ελληνικά: Κεραμικό υλικό
English: Ceramic
Esperanto: Ceramikaĵo
español: Cerámica
eesti: Keraamika
euskara: Zeramika
فارسی: سرامیک
suomi: Keraami
français: Céramique
Frysk: Keramyk
Gaeilge: Ceirmeacht
galego: Cerámica
עברית: חומר קרמי
hrvatski: Keramika
Kreyòl ayisyen: Seramik
magyar: Kerámia
interlingua: Ceramica
Bahasa Indonesia: Keramik
italiano: Ceramica
Basa Jawa: Keramik
ქართული: კერამიკა
қазақша: Керамика
한국어: 세라믹
Кыргызча: Керамика
Latina: Fictile
lietuvių: Keramika
latviešu: Keramika
македонски: Керамика
Bahasa Melayu: Seramik
Napulitano: Ceramica
Plattdüütsch: Keramik
Nederlands: Keramiek
norsk nynorsk: Keramikk
norsk: Keramikk
occitan: Ceramica
polski: Ceramika
português: Cerâmica
Runa Simi: K'apra
română: Ceramică
русский: Керамика
sicilianu: Ciramica
Scots: Ceramic
srpskohrvatski / српскохрватски: Keramika (materijal)
Simple English: Ceramic
slovenščina: Keramika
svenska: Keramik
Türkçe: Seramik
українська: Кераміка
اردو: خزف
oʻzbekcha/ўзбекча: Keramika
Tiếng Việt: Gốm
中文: 陶瓷器
Bân-lâm-gú: Hûi
粵語: 陶瓷