Кобул

Маҳалли аҳолинишин
Кобул
форс. کابل
Координатаҳо

34°31′58″ а. шим. 69°09′57″ т. ш.HGЯЯO

Кобул дар харитаи
Кобул
Кобул

Кобул (форс. کابل‎) пойтахт ва шаҳри бузургтарини Афғонистон мебошад. Аҳолии онро дар3 ҳудуди аз 2.5 то 4 миллион медонанд. Вай маркази иқтисодӣ ва маданӣ, дар дараи танги дарёи Кобул дар баландии 1,800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Дар Кобул аслиҳа, либос, бисоти хона ва шакар истеҳсол мешаванд, ҳарчанд ки ҷанги аз соли 1979 пурдавом иқтидори иқтисодии шаҳрро костааст. Дар Кобул намояндагони миллату халқҳои гуногун, аз қабили тоҷикон 55%, паштунҳо 20% ва ҳазораҳо 20% ва дигар миллатҳо 5% зиндагонӣ мекунанд. Ҳамаи мардуми Кобул тоҷикӣ балад ва дар айни замон Порсигӯ ҳастанд. 90 дар 100 мардуми шаҳри Кобул ҳанафӣ ва 8 дар сад шиъа ва 2 дар сад боқӣ аз дин ва мазҳаб мебошанд. Дар айни замон дар Кобул раванди барқарорсозии харобаҳои замони ҷанг давом дорад.

Таърих

Номи Кобул бори аввал дар маъхазҳо, ҳамчун дарёи Кубҳа тақрибан 1200 пеш аз милод ва ҳамчун бошишгоҳ — Kabura тақрибан 300 пеш аз милод омадааст. Кобул дар замони антиқа номи Чабороро дошт. То забти арабҳо дар соли 664, Кобул дар ҳайати давлати Бохтар империяи Маурён, Кӯшониён, давлати ҳиндувон қарор дошт. Дар 6 асри минбаъда дар шаҳр намояндагони сулолаи Сомониён, Шоҳиёни Ҳинд, Ғазнавиён ва Ғӯриён ҳукмронӣ кардаанд.

манзараи шаҳри харобшуда

Дар асри 13 шаҳрро муғулон ғорат карданд. Дар асри 14, нуфузи Кобул боз афзуд ва он ба яке аз марказҳои тиҷорати давлати Темуриён табдил ёфт. Баъдтар шаҳрро соли 1504 Бобур ишғол кард ва пойтахти хеш қарор дод.

Кобулро соли 1738 Нодиршоҳ забт кард. Дар миёнаҳои асри 18 дар Афғонистон Аҳмадшоҳи Дурронӣ ба сари қудрат омад ва ҳукмронии афғонҳоро барқарор сохт. Соли 1772 писари Аҳмадшоҳи Дурронӣ Темуршоҳ Кобулро пойтахт эълон намуд.

Соли 1826 Дӯстмуҳаммад подшоҳи Афғонистон шуд, вале соли 1839 инглисҳо кишварро забт карда, дар Шоҳ Шуҷоъ — дастнигари худро ҳоким карданд. Шӯриши соли 1841 инглисҳоро шикаст дод ва ба ақибнишинӣ ба сӯи Ҷалолобод водор сохт. Соли 1842 инглисҳо бош гшата Болои Ҳисорро ғорат карданд ва ба Ҳиндустон ақибнишинӣ карданд. Дӯстмуҳаммад ба тахт баргашт.

Дар ибтидои асри ХХ дар Кобул Амонуллохон ҳукмронӣ намудааст. Ӯ чандин ислоҳот, аз ҷумла, мактаб барои духтарон ва сар кардани истифодаи қуввваи барқро гузаронидааст. Пойгоҳи ӯ — Қасри Доруламон дар қисми ҷанубу ғарбии Кобул буд. Соли 1919 Амонуллохон баъд аз ҷанги сеюми инглисҳову Афғонистон, истиқлолияти Афғонистонро эълон мекунад.

Соли 1932 донишгоҳи Кобул кушода шуд ва солҳои 50-уми асри ХХ бо кӯмаки Иттиҳоди Шӯравӣ кӯчаҳои шаҳр мумфарш карда шуданд.

Аз миёнаҳои асри ХХ сар карда, шаҳр ба маркази саноатӣ табдил ёфт.

Соли 1975 дар Кобул бо кӯмаки Чехословакия хати троллейбус кушода шуд.

Баъд аз оғози ишғоли Афғонистон аз тарафи Шӯравӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ Кобулро 23 декабри соли 1979 забт намуд ва онро маркази фармондеҳии қӯшунҳои худ дар Афғонистон, қарор дод. Баъд аз пошхӯрии ҳукумати Муҳаммад Наҷебуллоҳ дар соли 1992, Кобул ба маркази ҷанги шаҳрвҷандӣ табдил ёфт. Дар ин замон дар Афғонистон дар сари қудрат Ҷамъияти исломӣи Бурҳониддин Раббонӣ буд, вале пайравони Ҳизби исломии сарвазир Гулбуддин Ҳикматёр то соли 1996 қисми ҷанубиии шаҳрро пайваста мушакборон мекарданд.

Сентябри соли 1996 Кобулро толибон ишғол карданд, онҳо аҳолии босаводи шаҳрро таъқиб карда, пойтахтро ба Қандаҳор кӯчониданд.

Толибон Кобулро 12 ноябри соли 2001 баъд аз бомбапартоиҳои шадиди ИМА тарк гуфтанд ва ҳукмронии шаҳр ба дасти Иттиҳоди Шимол гузашт. Баъд аз ишғоли Афғонистон аз тарафи ИМА Кобул боз пойтахти Афғонистон қарор дода шуд.

Ба шаҳр Фурудгоҳи Байналмиллалии Кобул хизмат мерасонад.

Other Languages
Acèh: Kabul
Afrikaans: Kaboel
Alemannisch: Kabul
አማርኛ: ካቡል
aragonés: Kabul
العربية: كابل
asturianu: Kabul (ciudá)
azərbaycanca: Kabil
تۆرکجه: کابول
башҡортса: Ҡабул
Bikol Central: Kabul
беларуская: Кабул
беларуская (тарашкевіца)‎: Кабул
български: Кабул
বাংলা: কাবুল
བོད་ཡིག: ཁ་པུལ།
brezhoneg: Kaboul
bosanski: Kabul
буряад: Кабул
català: Kabul
Mìng-dĕ̤ng-ngṳ̄: Kabul
нохчийн: Кабул
Cebuano: Kabul
کوردی: کابول
čeština: Kábul
Чӑвашла: Кабул
Cymraeg: Kabul
dansk: Kabul
Deutsch: Kabul
Zazaki: Kabil
डोटेली: काबुल
Ελληνικά: Καμπούλ
English: Kabul
Esperanto: Kabulo
español: Kabul
eesti: Kabul
euskara: Kabul
فارسی: کابل
suomi: Kabul
Võro: Kabul
føroyskt: Kabul
français: Kaboul
arpetan: Caboul
Nordfriisk: Kabul
Frysk: Kabûl
Gaeilge: Cabúl
Gàidhlig: Kabul
galego: Cabul
ગુજરાતી: કાબુલ
Gaelg: Kabul
客家語/Hak-kâ-ngî: Kabul
עברית: קאבול
हिन्दी: काबुल
Fiji Hindi: Kabul
hrvatski: Kabul
hornjoserbsce: Kabul
Kreyòl ayisyen: Kaboul
magyar: Kabul
Հայերեն: Քաբուլ
interlingua: Kabul
Bahasa Indonesia: Kabul, Afganistan
Interlingue: Kabul
Ilokano: Kabul
Ido: Kabul
íslenska: Kabúl
italiano: Kabul
日本語: カーブル
ქართული: ქაბული
Qaraqalpaqsha: Kabul
Taqbaylit: Kabul
Gĩkũyũ: Kabul
қазақша: Кабул
kalaallisut: Kabul
ភាសាខ្មែរ: ទីក្រុងកាបូល
ಕನ್ನಡ: ಕಾಬುಲ್
한국어: 카불
kurdî: Kabûl
Кыргызча: Кабул
Latina: Cabura
Lëtzebuergesch: Kabul
Ligure: Kabul
lumbaart: Kabul
lingála: Kabul
lietuvių: Kabulas
latviešu: Kabula
мокшень: Кабул
Malagasy: Kabul
олык марий: Кабул
Māori: Kabul
македонски: Кабул
മലയാളം: കാബൂൾ
монгол: Кабул
मराठी: काबुल
Bahasa Melayu: Kabul
မြန်မာဘာသာ: ကဘူးလ်မြို့
Dorerin Naoero: Kabul
नेपाली: काबुल
Nederlands: Kabul (stad)
norsk nynorsk: Kabul
norsk: Kabul
Novial: Kabul
occitan: Kabol
ଓଡ଼ିଆ: କାବୁଲ
Ирон: Кабул
ਪੰਜਾਬੀ: ਕਾਬੁਲ
Papiamentu: Kabul
polski: Kabul
Piemontèis: Kabul
پنجابی: کابل
پښتو: کابل
português: Cabul
română: Kabul
русский: Кабул
Kinyarwanda: Kabul
sicilianu: Kabul
Scots: Kabul
davvisámegiella: Kabul
srpskohrvatski / српскохрватски: Kabul
සිංහල: කාබුල්
Simple English: Kabul
slovenčina: Kábul
slovenščina: Kabul
chiShona: Kabul
Soomaaliga: Kabul
shqip: Kabuli
српски / srpski: Кабул
Basa Sunda: Kabul
svenska: Kabul
Kiswahili: Kabul
ślůnski: Kabul
தமிழ்: காபூல்
ไทย: คาบูล
Tagalog: Kabul
Türkçe: Kâbil
татарча/tatarça: Кабул
ئۇيغۇرچە / Uyghurche: كابۇل
українська: Кабул
اردو: کابل
oʻzbekcha/ўзбекча: Kobul (shahar)
vepsän kel’: Kabul
Tiếng Việt: Kabul
Winaray: Kabul
მარგალური: ქაბული
ייִדיש: קאבול
Yorùbá: Kabul
中文: 喀布尔
Bân-lâm-gú: Kabul
粵語: 喀布爾