Кобалт
English: Cobalt

Шаблон:Химические элемент кутти

Кобалт (Co) КОБАЛТ (Cobaltum), Co, элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев, рақами ат. 27, массаи ат. 58,933. К. дар табиат як изотопи собит 59Co дорад. К.-и металлиро с. 1735 химики швед Г. Брандт кашф кардааст. К. металли вазнини нуқраранг буда, каме тобиши сурх дорад. t гуд. 1493°С, t ҷӯш. 3100°С, зичиаш 8900 кг/м3. Дар ҳарорати муқаррарӣ ба таъсири обу ҳаво устувор мебошад. Пайвастҳои К. дар Мисри Қадим, Чин барои истеҳсоли ранги кабуд, шишаҳои рангин, сир (эмал) истифода мешуданд. Ҳоло К.-ро дар саноат асосан дар шакли хӯлаҳо барои истеҳсоли масолеҳи ба оташ тобовар, магнитҳои доимӣ, асбобҳои буранда, шиша, рангубор ва ғ. истифода мебаранд. Изотопи радиоактиви сунъии 60Co-ро барои муолиҷаи варам, тамйизи дорувор, нест кардани ҳашароти ғалладона, сабзавот ва дер нигоҳ доштани хӯрокворӣ ва ғ. истифода мебаранд. К. дар организми одам, ҳайвонот ва растанӣ микроэлементи зарурӣ мебошад. К. фаъолияти ферментҳоро метезонад; дар мубодилаи сафеда, карбогидрат ва чарбу, синтези кислотаҳои нуклеат, реаксияҳои оксиду барқароршавӣ ва тавлиди хун дар организм роли калон мебозад. Организм К.-ро аз таркиби хӯрокворӣ мегирад. Баъзе доруҳои дар асоси К. тайёркарда барои муолиҷаи анемия (камхунӣ) истифода мешаванд. Аз хӯроквориҳо нахӯд, лаблабу, панир ва ҷигари гов К.-и бисёр дорад. К. яке аз микроэлементҳои муҳим мебошад. Вай дар организм бо сафедаҳо ва аминокислотаҳо пайваст аст; дар таркиби витамини В12 дохил мешавад. К. ферментҳоро фаъол сохта, ба ҳосилшавии сафедаҳои мушак, хун ва ассимилятсияи нитроген тақвият мебахшад, фаъолияти гемолизии хунро баланд мебардорад. Ҳангоми дар организм нарасидани К. гипо- ё авитаминози В12 рух менамояд. Дар аснои ба организм таъсир расондани пайвастҳои К. мумкин аст заҳролудии шадид ё музмин ба вуҷуд ояд. Хусусан пайвастҳои ҳалшавандаи К. заҳрнок мебошанд. Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ аз К. ба қоидаҳои ҳифзи саломатӣ дар истеҳсолот қатъӣ риоя кардан лозим аст (бояд бо либоси махсус, аз ҷумла одамоне, ки бо пайвастҳои К. сарукор доранд, бояд мудом аз назорати тиббӣ гузаранд.

  • Инҷоро ҳам бингаред

Инҷоро ҳам бингаред

Commons-logo.svg
Викианбор has media related to:
Other Languages
Afrikaans: Kobalt
አማርኛ: ኮባልት
aragonés: Cobol
العربية: كوبالت
asturianu: Cobaltu
azərbaycanca: Kobalt
تۆرکجه: کوبالت
беларуская: Кобальт
беларуская (тарашкевіца)‎: Кобальт
български: Кобалт
भोजपुरी: कोबाल्ट
বাংলা: কোবাল্ট
བོད་ཡིག: གོ་བྰལ་
brezhoneg: Kobalt
bosanski: Kobalt
català: Cobalt
Mìng-dĕ̤ng-ngṳ̄: Gū (gĭng-sṳ̆k)
Cebuano: Kobalto
کوردی: کۆبالت
corsu: Cobaltu
čeština: Kobalt
Чӑвашла: Кобальт
Cymraeg: Cobalt
dansk: Kobolt
Deutsch: Cobalt
ދިވެހިބަސް: ކޮބާލްޓް
Ελληνικά: Κοβάλτιο
English: Cobalt
Esperanto: Kobalto
español: Cobalto
eesti: Koobalt
euskara: Kobalto
فارسی: کبالت
suomi: Koboltti
français: Cobalt
Nordfriisk: Koobalt
furlan: Cobalt
Gaeilge: Cóbalt
Gàidhlig: Còbalt
galego: Cobalto
ગુજરાતી: કોબાલ્ટ
Gaelg: Cobalt
客家語/Hak-kâ-ngî: Cobalt
עברית: קובלט
हिन्दी: कोबाल्ट
Fiji Hindi: Cobalt
hrvatski: Kobalt
magyar: Kobalt
հայերեն: Կոբալտ
Արեւմտահայերէն: Կոբաղդ
interlingua: Cobalt
Bahasa Indonesia: Kobalt
Ido: Kobalto
íslenska: Kóbolt
italiano: Cobalto
日本語: コバルト
la .lojban.: ridjinme
Jawa: Kobalt
ქართული: კობალტი
Kabɩyɛ: Kobalti
қазақша: Кобальт
ಕನ್ನಡ: ಕೋಬಾಲ್ಟ್
한국어: 코발트
kurdî: Kobalt
коми: Кобальт
Кыргызча: Кобальт
Latina: Cobaltum
Lëtzebuergesch: Kobalt
Limburgs: Kobalt
Ligure: Cobalto
lumbaart: Cobalto
lietuvių: Kobaltas
latviešu: Kobalts
македонски: Кобалт
മലയാളം: കൊബാൾട്ട്
монгол: Кобальт
मराठी: कोबाल्ट
кырык мары: Кобальт
Bahasa Melayu: Kobalt
မြန်မာဘာသာ: ကိုဘော့ (ဒြပ်စင်)
эрзянь: Кобальт
Plattdüütsch: Kobalt
नेपाली: कोबाल्ट
नेपाल भाषा: कोबाल्ट
Nederlands: Kobalt
norsk nynorsk: Kobolt
norsk: Kobolt
Diné bizaad: Béésh łibáhí
occitan: Cobalt
Livvinkarjala: Kobal’tu
ଓଡ଼ିଆ: କୋବାଲ୍‌ଟ
ਪੰਜਾਬੀ: ਕੋਬਾਲਟ
पालि: कोबाल्ट
polski: Kobalt
Piemontèis: Cobalt
پنجابی: کوبالٹ
português: Cobalto
Runa Simi: Kubaltu
română: Cobalt
armãneashti: Cobaltu
русский: Кобальт
संस्कृतम्: कोबाल्ट
sicilianu: Cobbaltu
Scots: Cobaut
srpskohrvatski / српскохрватски: Kobalt
සිංහල: කොබෝල්ට්
Simple English: Cobalt
slovenčina: Kobalt
slovenščina: Kobalt
Soomaaliga: Kobalti
shqip: Kobalti
српски / srpski: Кобалт
Seeltersk: Cobalt
Sunda: Kobalt
svenska: Kobolt
Kiswahili: Kobalti
తెలుగు: కోబాల్ట్
Tagalog: Kobalto
Türkçe: Kobalt
татарча/tatarça: Кобальт
ئۇيغۇرچە / Uyghurche: كوبالت
українська: Кобальт
اردو: کوبالٹ
oʻzbekcha/ўзбекча: Kobalt
vepsän kel’: Kobal't (himine element)
Tiếng Việt: Coban
walon: Cobalt
Winaray: Cobalto
吴语:
хальмг: Кобалтион
ייִדיש: קאבאלט
Yorùbá: Cobalt
中文:
文言:
Bân-lâm-gú: Cobalt
粵語: