Бодинҷон

Бодинҷон
Eggplant.jpg
Таснифоти илмӣ
Номи илмии баналмилалӣ

Solanum melongena L.

Синонимҳо
  • Solanum esculentum Dunal
  • Solanum melongena var. depressum L.
  • Solanum melongena var. esculentum (Dunal) Nees
  • Solanum melongena var. serpentinum L.[1]

Бодинҷон ё Боимҷон (лот. Solánum melongéna) — зироатест бисёрсола. Пояаш рост, сершох, то 1 м қад мекашад. Баргу гулаш бунафш; мевааш дарозрӯя, нокмонанд, сафед, сабз, бунафш. Бодинҷонро дар саноати консерв барои тайёр кардани икра, инчунин пухта ё хушконда истифода мебаранд. Дар таркиби он моддаҳои хушк, қанд, сафеда, равған, витаминҳои С, В1,В2, В6, каротин (провитамини А), микроэлементҳо (калсий, калий, магний, фосфор, оҳан ва ғ.) мавҷуданд.

Хосияти шифоӣ

Бодинҷон холестерини хунро кам карда, бемориҳои ҷигар, некрози рагҳоро пешгирӣ менамояд. Бинобар ин онро чун ғизои парҳезӣ барои муолиҷаи атеросклероз ва дарди санги гурдаву масона тавсия медиҳанд. Бодинҷон кори дилро тақвият мебахшад, пешобро меронад. Барои бемориҳои силсилаи дилу рагҳо, дил, гурда, ҷигар, ниқрис ва камхунӣ муфид аст. Агар бодинҷонро бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад; агар онро бо равған бихӯранд, дардро мулоим месозад ва агар бо сирко бихӯранд, дарунро мебандад, пешобро меронад, дардҳоеро, ки сабабашон зиёд гаштани гармӣ бошад, таскин медиҳад, бадбӯии каши рон ва зери бағалро рафъ менамояд. Чун Бодинҷонро сӯхта, хокистарашро бо сирко хамир карда, ба озахҳо бимоланд, онҳоро хушк карда мерезонад. Духтурони парҳезшинос таомҳои аз бодинҷон таҳияшударо ба ашхоси гирифтори бемориҳои ҷигар ва гурда тавсия медиҳанд. Мис ва оҳани таркиби бодинҷон ба ҳосил шудани хун мусоидат менамояд, бинобар ин истеъмоли он барои кӯдакони камхун ва занҳои ҳомила муфид аст. Шираи меваи хом ё пухтаи он хосияти бактерисидӣ (фитонсидӣ) дорад. Истеъмоли бардавоми бодинҷон барои пешгирӣ ва муолиҷаи атеросклероз нофеъ аст. Ин гуна хусусияти пурбаҳои бодинҷон бо роҳи тадқиқоти лабораторӣ собит карда шудааст. Истифодаи бодинҷон хоса барои пиронсолон муфид мебошад (варами бинобар нуқси дил ба вуҷуд омадаро мегардонад). Бодинҷонро барои муолиҷаи ниқрис, полиартритҳо, спондилёзҳо, спондилоартритҳо, бемориҳои санги гурда ва санги талха низ кор мефармоянд. Бодинҷон бинобар мангани бисёр доштан, таъсири инсулинро афзун мегардонад; ба миқдори зиёд мавҷуд будани калий бошад ба бодинҷон хосияти пешобронӣ мебахшад.

Other Languages
Аҧсшәа: Абаклаџьан
Acèh: Truëng
አማርኛ: ባዚንጀን
Ænglisc: Ǣgwyrt
العربية: باذنجان
azərbaycanca: Badımcan
تۆرکجه: بادیمجان
Bikol Central: Talong
беларуская: Баклажан
български: Патладжан
भोजपुरी: बैगन
Bislama: Obesin
বাংলা: বেগুন
བོད་ཡིག: རྡོ་ལུ་མ།
brezhoneg: Berjinez
bosanski: Patlidžan
català: Albergínia
Mìng-dĕ̤ng-ngṳ̄: Giò (sĭk-ŭk)
کوردی: باینجان
Cymraeg: Planhigyn ŵy
dansk: Aubergine
Deutsch: Aubergine
dolnoserbski: Oberžina
ދިވެހިބަސް: ބަށި
Ελληνικά: Μελιτζάνα
English: Eggplant
Esperanto: Melongeno
eesti: Baklažaan
euskara: Alberjinia
فارسی: بادنجان
suomi: Munakoiso
français: Aubergine
Nordfriisk: Aubergine
Gaeilge: Ubhthoradh
galego: Berenxena
गोंयची कोंकणी / Gõychi Konknni: Vaingim
𐌲𐌿𐍄𐌹𐍃𐌺: 𐌰𐌳𐌳𐌾𐌰𐌺𐍂𐌰𐌽
ગુજરાતી: રીંગણ
客家語/Hak-kâ-ngî: Khiò
עברית: חציל
हिन्दी: बैंगन
hrvatski: Patlidžan
hornjoserbsce: Oberžina
Kreyòl ayisyen: Berejèn
magyar: Padlizsán
Հայերեն: Բադրիջան
Bahasa Indonesia: Terung
Ilokano: Tarong
íslenska: Eggaldin
日本語: ナス
Basa Jawa: Térong
ქართული: ბადრიჯანი
Qaraqalpaqsha: Baklajan
Kabɩyɛ: Kela
Kongo: Kitsukulu
қазақша: Кәді
ಕನ್ನಡ: ಬದನೆ
한국어: 가지 (식물)
कॉशुर / کٲشُر: وانٛگُن
kurdî: Balîcan
Кыргызча: Баклажан
Ladino: Berendjena
лакку: Бадуржан
lingála: Sóló
lietuvių: Baklažanas
latviešu: Baklažāns
македонски: Модар патлиџан
മലയാളം: വഴുതന
मराठी: वांगे
Bahasa Melayu: Terung
မြန်မာဘာသာ: ခရမ်းပင်
مازِرونی: وینگوم
Napulitano: Mulignana
नेपाली: भान्टा
Nederlands: Aubergine (plant)
norsk nynorsk: Aubergine
norsk: Aubergine
occitan: Aubergina
ଓଡ଼ିଆ: ବାଇଗଣ
ਪੰਜਾਬੀ: ਬੈਂਗਨ
Kapampangan: Balasenas
Picard: Oubàrjine
پنجابی: بتاؤں
پښتو: بانجان
português: Beringela
română: Vânătă
armãneashti: Vinitâ
русский: Баклажан
Kinyarwanda: Urutoryi
संस्कृतम्: वृन्ताकः
sicilianu: Milinciana
سنڌي: واڱڻ
srpskohrvatski / српскохрватски: Patlidžan
Simple English: Aubergine
slovenščina: Jajčevec
српски / srpski: Патлиџан
Basa Sunda: Térong
svenska: Aubergine
Kiswahili: Mbiringani
தமிழ்: கத்தரி
ತುಳು: ಗುಳ್ಳ
తెలుగు: వంకాయ
ትግርኛ: መለንዛና
Tagalog: Talong
lea faka-Tonga: Paingani
Türkçe: Patlıcan
ئۇيغۇرچە / Uyghurche: Çeyze
українська: Баклажан
اردو: بینگن
oʻzbekcha/ўзбекча: Baqlajon
Tiếng Việt: Cà tím
West-Vlams: Aubergine
walon: Belindjele
Winaray: Tarong
吴语: 落苏
ייִדיש: פאטלעזשאן
Vahcuengh: Lwggwz
中文:
Bân-lâm-gú: Kiô-á
粵語: 矮瓜