Бенавенте-и-Мартинес


Хасинто Бенавенте-и-Мартинес
Jacinto Benavente Martínez
Jacinto Benavente y Martinez.jpg
Санаи таваллуд:

12 августи 1866

Зодгоҳ:

Мадрид

Санаи марг:

14 июли 1954

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

намоишноманавис, рӯзноманигор, нависанда, сиёсатмадор

Жанр:

dramaturgy[d] ва Театр

Забони осор:

испанӣ[3]

Мукофотҳо:
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

БЕНАВЀНТЕ-И-МАРТЍНЕС Хасинто (испанӣ: Jacinto Benavente Martínez; 12 августи 1866, Мадрид — 14 июли 1954 ҳамон ҷо), драматурги испанӣ. Зиёда аз 150 пйеса дар жанрҳои гуногун: маишӣ, психологӣ, ахлоқӣ-фалсафӣ, рамзӣ ва ғайра офаридааст. Дар баъзе асар­ҳояш («Шахсони маъруф», 1896; «Ғизои ҳайвоноти ваҳшӣ», 1898) нисбат ба ашрофияи ҷамъияти буржуазӣ назари манфӣ, мазамматкунанда дорад, вале дар баробари ин Бенавенте-и-Мартинес нисбат ба халқ маъюсо­на сухан мегӯяд, қобилияту фаъо­лияти онро инкор менамояд. Дар пйесаҳои беҳтаринаш – мазҳакаҳои «Манфиатҷӯйҳо» (1907) ва идомаи он «Шаҳри хушҳолу фориғбол» (1916), ки ба танқиди тамаъкории табақаи буржуазия нигаронда шудаанд, бо тарғиби такомули ахлоқӣ иктифо намудааст. Пйесаҳои дар мавзӯъҳои ахлоқӣ-фалсафӣ нигоштаи ӯ «Кадбону» (1908), «Бадбахт» (1913) ҳамин гуна хусусиятро дороянд. Солҳои 40–50 асри 20 бештар мазҳакаҳои дилхушкунанда эҷод намудааст. Дар соҳаи адабиёт сазовори Мукофоти Нобел гаштааст (1922).

Other Languages
беларуская (тарашкевіца)‎: Хасынта Бэнавэнтэ-і-Мартынэс
Bahasa Indonesia: Jacinto Benavente Martínez
Lingua Franca Nova: Jacinto Benavente
македонски: Хасинто Бенавенте
Nederlands: Jacinto Benavente
norsk nynorsk: Jacinto Benavente
Piemontèis: Jacinto Benavente
português: Jacinto Benavente
srpskohrvatski / српскохрватски: Jacinto Benavente
slovenčina: Jacinto Benavente
српски / srpski: Хасинто Бенавенте
українська: Хасінто Бенавенте
Tiếng Việt: Jacinto Benavente
Bân-lâm-gú: Jacinto Benavente