Бемуҳраҳо

Гурӯҳи калони ҳайвонот
Saperda carcharias02.jpg
Ном
Бемуҳраҳо
Номи лотинӣ:
Invertebrata
Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Бемуҳраҳо (лотинӣ: lnvertebrata) — як гурӯҳи калони ҳайвоноте, ки мӯҳра надоранд. Ба бемуҳраҳо соддатаринҳо, исфанҷҳо, рӯдаковокҳо, нармбаданҳо, бандпойҳо, сӯзанпӯстҳо ва ғайра мансубанд. Бемуҳраҳо ҳамагӣ 16 типро дар бар мегиранд. Олами ҳайвонотро ба бемуҳраҳо ва муҳрадорон бори аввал соли 1801 биологи фаронсавӣ Ж. Б. Ламарк ҷудо карда буд, вале он дар таснифот истифода нагашт. Бо вуҷуди ин истилоҳи «бемуҳраҳо» дар адабиёти илмӣ ва таълимӣ мавриди корбаст қарор дорад. Бемуҳраҳо дар тамоми рӯйи замин паҳн шудаанд. Тақрибан 1 млн 260 ҳазор намуди бемуҳраҳо маълум буда, зиёда аз 1 милиони онҳо (дар асл на кам аз 2 млн) ҳашарот мебошанд; содатаринҳо 25, исфанҷҳо 5, рӯдаковокҳо 9 ҳазор, кирмҳо 20, нармба­данҳо 107, бандпойҳо (бе ҳашарот) такрибан 79 ҳазор намудро ташкил медиҳанд. Бемуҳраҳо дар обҳои ширин, баҳру уқёнус, хушкӣ, қабати хок паҳн шудаанд; бисёрии онҳо паразити ҳайвоноту наботот мебошанд. Аҳаммияти бемуҳраҳо дар табиат хеле калон аст. Боқимондаи бемуҳраҳои қадимӣ ба таркиби ҷинсҳои таҳшинӣ дохил мешаванд. Баъзан онҳо қисми асосии ҷинси таҳшинро ташкил медиҳанд (масалан, оҳаксанг қариб пурра аз скелети бемуҳраҳои мунқариз иборат аст). Қисме аз бемуҳраҳо ё маҳсуле, ки онҳо ҳосил мекунанд, чун озуқаи инсон (масалан, асал, харчангшаклҳо, нармбаданҳо ва ғайра), хӯроки ҳайвонот, паран­даҳо ва моҳиҳо, ашёи техникӣ (пиллаи кирмаки абрешим, марворид, скелети марҷонҳо ва ғайра) муҳим аст. Барои мубориза бар зидди ҷонварони зараррасон аз бемуҳраҳои паразит ва даранда истифода мекунанд. Дар байни бемуҳраҳо паразити одаму ҳайвонот низ бисёранд. Баъзе бемуҳраҳо ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитиро паҳн мекунанд.

  • Манбаъ

Манбаъ

  • Горностаев Г. Н. Насекомые. Москва, 1998;
  • Рупперт Э. Э. Зоологиябеспозвоночных: функциональные и эволюционные аспекты. Москва, 2008.
Other Languages
Afrikaans: Ongewerweldes
العربية: لافقاريات
asturianu: Invertebráu
azərbaycanca: Onurğasızlar
беларуская: Беспазваночныя
български: Безгръбначни
brezhoneg: Divellkeineg
bosanski: Beskičmenjaci
català: Invertebrat
čeština: Bezobratlí
Cymraeg: Infertebrat
Deutsch: Wirbellose
Ελληνικά: Ασπόνδυλο
English: Invertebrate
Esperanto: Senvertebruloj
español: Invertebrado
eesti: Selgrootud
euskara: Ornogabe
français: Invertébré
galego: Invertebrado
Kreyòl ayisyen: Envètebre
interlingua: Invertebrato
Bahasa Indonesia: Avertebrata
íslenska: Hryggleysingjar
italiano: Invertebrata
日本語: 無脊椎動物
Basa Jawa: Avertebrata
ಕನ್ನಡ: ಅಕಶೇರುಕ
한국어: 무척추동물
kernowek: Divellkeynek
Кыргызча: Омурткасыздар
Latina: Invertebrata
lietuvių: Bestuburiai
македонски: Без’рбетници
മലയാളം: അകശേരുകികൾ
Bahasa Melayu: Invertebrata
Plattdüütsch: Warvellose Deerter
Nederlands: Ongewervelden
norsk nynorsk: Virvellause dyr
occitan: Invertebrata
ਪੰਜਾਬੀ: ਕੰਗਰੋੜਹੀਣ
polski: Bezkręgowce
پنجابی: انکنگریڑے
português: Invertebrados
română: Nevertebrate
संस्कृतम्: अकशेरुकाः
srpskohrvatski / српскохрватски: Beskralježnjaci
Simple English: Invertebrate
slovenčina: Bezstavovce
slovenščina: Nevretenčarji
српски / srpski: Бескичмењаци
Basa Sunda: Invertebrata
తెలుగు: అకశేరుకాలు
Tagalog: Imbertebrado
Türkçe: Omurgasızlar
українська: Безхребетні
oʻzbekcha/ўзбекча: Umurtqasizlar
Winaray: Inbertebrado