Бах Иоҳанн Себастян

Бах Иоҳанн Себастян
БАХ (Bach) Иоҳанн Себастян
Bach.jpg
Иттилооти асосӣ
Санаи таваллуд

21 март 1685(1685-03-21)

Зодгоҳ

Эйзенах

Санаи марг

28 июл 1750(1750-07-28) (65 сол)

Маҳалли марг
Солҳои фаъолият

1710 — то ҳол

Кишвар
Касб(ҳо)

оҳангсози касбӣ ва арғунуннавози олмонӣ

Асбоб

harpsichord[d], violin[d] ва viola[d]

Сабк

baroque music[d][2][3]

Соядаст
Соядаст
Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор

БАХ (Bach) Иоҳанн Себастян (21.3.1685, Эйзенах – 28.7.1750, Лейпсиг), оҳангсози касбӣ ва арғунуннавози олмонӣ, яке аз бузургтарин намояндагони мусиқии Аврупои Ғарбӣ дар даврони барокко. Дар оилае камол ёфт, ки дар саросари Олмон бо мусиқидонӣ маъруф буд. Аз наврасӣ овозхони хор буд, навохтани арғунун, клавесин ва скрипкаро омӯхт. Соли 1695 ятим монд ва дар оилаи бародари калониаш, ки дар Ордруф арғунуннавоз буд, тарбия ёфт. То с. 1700 дар литсейи Ордруф таҳсил кард. Солҳои 1700–02 шогирди мактаби назди дайри Михаили Муқаддас дар Люксембург буд. Сипас вориди роҳи бузурги мусиқии касбӣ шуд. Дар ҷараёни зиндагӣ ҳеч гоҳ берун аз Олмон нарафт, аммо чанд бор макони зисташро табдил кард.

Бах осори бузурге (ҳудуди 1000 асар) ба мерос гузошт, ки амалан тамоми жанрҳои мусиқӣ (ба ҷуз опера)-ро дар бар гирифтааст. Дар осори ӯ композитсияҳои бузурги созӣ, ҳамчун симфония, консертҳо барои клавир бо оркестр, триосонатаҳо, чандин соната барои клавир (ҳудуди 150) мавқеи бартар доштааст. Сабки эҷодии Бах маъмулан ба даврони гароиши барокко ба самти ҳунари мусиқии классикӣ марбут дониста мешавад. Осори Бах қуллаи баланди афкори фалсафӣ дар мусиқист. Наздик ба 300 асари ӯ, аз ҷумла кантатаҳои динӣ, ораторияҳои «Машаққати Иоҳан», «Машаққати Матфей», «Магнификат», «Ораторияи иди мелоди Масеҳ» ва ғ. аз лиҳози оҳангу танин мумтозанд. Бах дар мусиқӣ нахустин бор барои клавир асари консертӣ таълиф кард. Асарҳои ӯ – «6 консерти бранденбургӣ» ва «4 сюитаи рақсӣ» дар таърихи мусиқии оркестрӣ марҳалаи наве боз карданд. Хидмати Б. дар такмили созҳои мусиқӣ, бавижа дар арғунун ва клавир шоиста аст. Осори ӯ дар айни зиндагиаш, он гуна ки мебоист, қадр нашуд. Ба истеъдоди Бах оҳангсозон Л. Бетховен ва В. Мотсарт баҳои баланд додаанд. Соли 1950 дар Лейпсиг ба муносибати 200-солагии рӯзи вафоти Бах озмуни байналхалқӣ доир шуд. Баъд аз ин ҳар чор сол озмуни ба номи Бах баргузор мегардад.

Other Languages
مصرى: باخ
azərbaycanca: İohann Sebastyan Bax
беларуская (тарашкевіца)‎: Ёган Сэбастыян Бах
Chavacano de Zamboanga: Johann Sebastian Bach
Mìng-dĕ̤ng-ngṳ̄: Johann Sebastian Bach
贛語: 巴赫
客家語/Hak-kâ-ngî: Johann Sebastian Bach
Bahasa Indonesia: Johann Sebastian Bach
la .lojban.: io'an.zebastian.bax
Qaraqalpaqsha: Johann Sebastian Bach
Lëtzebuergesch: Johann Sebastian Bach
Lingua Franca Nova: Johann Sebastian Bach
Basa Banyumasan: Johann Sebastian Bach
Baso Minangkabau: Johann Sebastian Bach
Bahasa Melayu: Johann Sebastian Bach
Plattdüütsch: Johann Sebastian Bach
Nedersaksies: Johann Sebastian Bach
norsk nynorsk: Johann Sebastian Bach
Livvinkarjala: Johann Sebastian Bach
armãneashti: Johann Sebastian Bach
srpskohrvatski / српскохрватски: Johann Sebastian Bach
Simple English: Johann Sebastian Bach
slovenščina: Johann Sebastian Bach
oʻzbekcha/ўзбекча: Iogann Sebastyan Bax
vepsän kel’: Bah Iogann Sebast'jan
Tiếng Việt: Johann Sebastian Bach
吴语: 巴赫
文言: 巴赫
Bân-lâm-gú: Johann Sebastian Bach
粵語: 巴哈