Афина (пойтахт)

'Афина'آتن Αθήνα

Афина (Athenai) — калонтарин шаҳр ва пойтахти Юнон. Маркази асосии иқтисодӣ ва мадании мамлакат, маркази ном (воҳиди маъмурӣ)-и Аттика. Афина дар нимҷазираи Аттика, дар соҳили халиҷи Сароникоси Баҳри Эгей ҷой гирифта, якҷо бо шаҳристон ва шаҳри бандарии Пирей Афинаи Калонро ташкил медиҳад.

Аҳолии Афинаи Калон 3,7 млн нафар (2011). Аз ҷиҳати зичии аҳолӣ (8160 нафар дар 1 км2) дар Аврупо дар ҷойи чаҳорум қарор дорад ва сеяки аҳолии тамоми Юнон аст.

Таърихи мухтасари Афина

Аз соли 1466 то мелод Афина ба Рим ва аз асри 4 то соли 1204 ба Империяи Византия тобеъ шуд. Солҳои 1204–1458 пойтахти герсогии Афина буд. Соли 1458 Афинаро туркҳо забт карданд. Аз давраи шӯриши миллӣ-озодихоҳии солҳои 1821–29 Афина маркази маъмурӣ ва маданию сиёсӣ ва аз соли 1834 пойтахти Юнон аст. Афина маркази бузурги туризми байналмиллалӣ ва ҷойи баргузории анҷуману симпозиумҳост. Соли 1896 дар Афина Бозиҳои олимпӣ баргузор гардида, аввалин варзишгоҳ низ ҳамин ҷо сохта шуд. Бозиҳои олимпии тобистонии соли 2004 дар Афина баргузор шуданд.

Саноат

Ба шарафи илоҳаи асосии асотири Юнони ҚадимАфина номгузорӣ шудааст. Пирейро, ки бандари калонтарини Юнон мебошад, дарвозаи баҳрии Юнон мегӯянд. Маркази муҳимми нақлиёти байналмиллалӣ. Роҳи оҳан ва шоҳроҳи автомобилгард Афинаро бо Салоники ва аз он ҷо бо Мақдуния, Булғория ва Туркия мепайвандад. Афина ду аэропорти байналмиллалӣ, хатти метро дорад. Аз се ду ҳиссаи истеҳсолоти саноатии мамлакат дар Афина ҷойгир шудааст. Дар Афина металлургия, мошинсозӣ (аз ҷумла киштисозӣ) рушд ёфтааст. Корхонаҳои бузурги нассоҷӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ, кимиё, нӯшобаҳо, чарму пойафзор, коркарди нафт, кулолӣ, истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ, ва мӯина дорад. Дар Афина муассисаҳои тиҷоратию молиявии Юнон ҷой гирифтаанд.

Марказҳои илму фарҳанг

Афина дорои академияи илмҳо, донишгоҳ (1837), донишкадаи политехникӣ, Ҷамъияти бостоншиносии Юнон (1837), марказҳои илмию бостоншиносӣ ва таърихии давлатҳои хориҷа, расадхонаи миллии ахтаршиносӣ, китобхонаи миллӣ, театри миллӣ, Маркази мадании ба номи Мелин Меркури, театри опера ва ғайра; 3 консерватория, 26 осорхона, аз он ҷумла Осорхонаи миллии бостоншиносӣ, Осорхонаи Византия, Осорхонаи Акропол, Нигористони миллии рассомӣ, Осорхонаи таърихии Афина ва Нигористони бадеии Бенакӣ мебошад.

Ёдгориҳои қадима

Афина қадимтарин шаҳри дунё буда, замони бунёдаш муайян нест. Аз рӯйи ривоятҳо ҷойи имрӯзаи Афина ҳанӯз аз асҳои 16–13 то мелод маскун буд. Дар Юнони Қадим он маркази асосии иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ гардид. Шаҳр дар теппаҳо бино ёфта, дар теппаи баландтарини он – Ликабетос ёдгориҳои қадимтарини Афина – Акропол, Ареопаг, Пникс, Филопаппу (собиқ Мусейон), дар маркази шаҳр Парфенон – маъбади илоҳа Афина, Пропилейи бошукӯҳ, маъбадҳои Ника Аптерос ва Эрехтейон, ки ҳама мансуби асри 5 то мелод мебошанд, маҳфуз мондаанд. Поинтар қадимтарин театрҳо – Одеон Герод Аттик ва Дионис, майдонҳои атиқии Агораи Рим ва Агораи Юнон, маъбади Зевси Олимпӣ, Арки Адриан, маъбади Гефест побарҷост. Дар шаҳр осори бадеии даврони ҳокимияти империяҳои Византия ва турки усмонӣ низ боқӣ мондаанд.

Other Languages
Afrikaans: Athene
Alemannisch: Athen
አማርኛ: አቴና
aragonés: Atenas
Ænglisc: Athēnas
العربية: أثينا
ܐܪܡܝܐ: ܐܬܢܘܣ
مصرى: اتينا
asturianu: Atenes
Aymar aru: Athina
azərbaycanca: Afina
تۆرکجه: آتن
башҡортса: Афина
Boarisch: Athen
žemaitėška: Atienā
Bikol Central: Atenas
беларуская: Афіны
беларуская (тарашкевіца)‎: Атэны
български: Атина
bamanankan: Athens
བོད་ཡིག: ཨ་ཐེན།
brezhoneg: Aten
bosanski: Atina
буряад: Афина
català: Atenes
Chavacano de Zamboanga: Atenas
Mìng-dĕ̤ng-ngṳ̄: Ngā-diēng
нохчийн: Афина
Cebuano: Atenas
کوردی: ئەتینا
corsu: Atene
qırımtatarca: Atina
čeština: Athény
словѣньскъ / ⰔⰎⰑⰂⰡⰐⰠⰔⰍⰟ: Аѳинꙑ
Чӑвашла: Афинянсем
Cymraeg: Athen
dansk: Athen
Deutsch: Athen
Zazaki: Atêna
dolnoserbski: Atheny
डोटेली: एथेन्स
Ελληνικά: Αθήνα
English: Athens
Esperanto: Ateno
español: Atenas
eesti: Ateena
euskara: Atenas
estremeñu: Atenas
فارسی: آتن
suomi: Ateena
Võro: Ateena
føroyskt: Athen
français: Athènes
arpetan: Atèna
Nordfriisk: Athen
Frysk: Atene
Gaeilge: An Aithin
Gagauz: Afina
贛語: 雅典
Gàidhlig: An Àithne
galego: Atenas
Avañe'ẽ: Atena
Gaelg: Yn Atheen
Hausa: Athens
客家語/Hak-kâ-ngî: Athens
Hawaiʻi: ʻAkenai
עברית: אתונה
हिन्दी: एथेंस
Fiji Hindi: Athens
hrvatski: Atena (grad)
hornjoserbsce: Athen
Kreyòl ayisyen: Atèn
magyar: Athén
հայերեն: Աթենք
interlingua: Athenas
Bahasa Indonesia: Athena (kota)
Interlingue: Athina
Ilokano: Atenas
ГӀалгӀай: Афины
Ido: Athina
íslenska: Aþena
italiano: Atene
日本語: アテネ
Patois: Atenz
la .lojban.: atenas
Basa Jawa: Aténa
ქართული: ათენი
Qaraqalpaqsha: Afina
Taqbaylit: Atena
Адыгэбзэ: Афинхэр
Kabɩyɛ: Atɛnɩ
қазақша: Афина
ಕನ್ನಡ: ಅಥೆನ್ಸ್
한국어: 아테네
къарачай-малкъар: Афинле
kurdî: Atîna
коми: Афинъяс
kernowek: Athína
Кыргызча: Афины
Latina: Athenae
Ladino: Atena
Lëtzebuergesch: Athen
лезги: Афинар
Lingua Franca Nova: Atina
Limburgs: Athene (stad)
Ligure: Atene
lumbaart: Atene
lingála: Atenis
لۊری شومالی: آتن
lietuvių: Atėnai
latviešu: Atēnas
मैथिली: एथेन्स
мокшень: Афитт
Malagasy: Athens
олык марий: Афин
Māori: Ātene
македонски: Атина
മലയാളം: ഏതൻസ്‌
монгол: Афин
मराठी: अथेन्स
Bahasa Melayu: Athens
Malti: Ateni
Mirandés: Atenas
မြန်မာဘာသာ: အေသင်မြို့
эрзянь: Афины ош
Dorerin Naoero: Atens (Grit)
Napulitano: Atene
Plattdüütsch: Athen
नेपाली: एथेन्स
नेपाल भाषा: एथेन्स
Nederlands: Athene (stad)
norsk nynorsk: Aten
norsk: Athen
Chi-Chewa: Athens
occitan: Atenas
Livvinkarjala: Afiinat
ଓଡ଼ିଆ: ଏଥେନ୍ସ
Ирон: Афинæтæ
ਪੰਜਾਬੀ: ਐਥਨਜ਼
Kapampangan: Athens
Papiamentu: Atenas
Norfuk / Pitkern: Athens
polski: Ateny
Piemontèis: Atene
پنجابی: ایتھنز
Ποντιακά: Αθήνα
português: Atenas
Runa Simi: Athina
rumantsch: Athen
română: Atena
armãneashti: Athina
tarandíne: Atene
русский: Афины
русиньскый: Атены
саха тыла: Атина
sardu: Atene
sicilianu: Ateni
Scots: Athens
davvisámegiella: Athena
srpskohrvatski / српскохрватски: Atena
Simple English: Athens
slovenčina: Atény
slovenščina: Atene
Gagana Samoa: Atenai
chiShona: Athens
shqip: Athina
српски / srpski: Атина
Seeltersk: Athene (Stääd)
svenska: Aten
Kiswahili: Athens
ślůnski: Atyny
தமிழ்: ஏதென்ஸ்
తెలుగు: ఏథెన్స్
Türkmençe: Atina
Tagalog: Atenas
Türkçe: Atina
татарча/tatarça: Афина
Twi: Atɛns
удмурт: Афины
ئۇيغۇرچە / Uyghurche: ئافېنا
українська: Афіни
اردو: ایتھنز
oʻzbekcha/ўзбекча: Afina (shahar)
vèneto: Atene
vepsän kel’: Afinad
Tiếng Việt: Athens
West-Vlams: Athene
Volapük: Atina
walon: Atene
Winaray: Atenas
Wolof: Aten
吴语: 雅典
хальмг: Атен балһсн
მარგალური: ათენი
ייִדיש: אטען
Yorùbá: Áténì
Zeêuws: Athene
中文: 雅典
文言: 雅典
Bân-lâm-gú: Athens
粵語: 雅典
isiZulu: I-Athene