Астуриас Мигел Анхел

Астуриас Мигел Анхел
Miguel Ángel Asturias Rosales
MiguelAngelAsturias.JPG
Ном ба ҳангоми таваллуд:

испанӣ: Miguel Ángel Asturias Rosales

Санаи таваллуд:

19 октябри 1899

Зодгоҳ:

Гватемала

Санаи марг:

09 июни 1974

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

драматург ва дипломат,нависанда

Жанр:

роман

Забони осор:

испанӣ[2]

Мукофотҳо:
Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт

Order of Augusto César Sandino[d]

Medalla Yucatán[d]

Lenin Peace Prize[d]

Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

АСТУРИАС (Asturias) Мигел Анхел (19.10.1899, Гватемала – 09.06.1974, ҳамон ҷо), нависанда, драматург ва дипломати Гватемала. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Гватемала (1923). Солҳои 1923–1933 берун аз ватан дар Лондон, Париж зиндагӣ кардааст. Ба ҷараёни адабии сюрреализм майл намуд. Солҳои 1940–1954 чун дипломат дар Мексика, Аргентина, Фаронса, Салвадор, 1966–1970 чун сафир дар Фаронса кор кардааст. Соли 1930 дар Париж китоби Астуриас бо номи «Қиссаҳои Гватемала» ба табъ расид, ки дар заминаи эҷодиёти шифоҳии мардум офарида шудааст. Дар романи «Ҷаноби Президент» (1933) тарзи ҳукмронии диктатуриро маҳкум намудааст. Соли 1949 романи «Одамҷуворӣ»-ро ба табъ расонд. Асари сегонаи Астуриас – «Боди шадид» (1950), «Падари сабз» (1954), «Чашмони майитҳо» (1960), ки аз тақдиру қисмати халқи Гватемала дар асри 20 қисса мекунад, саршор аз ғояҳои миллӣ-озодихоҳӣ мебошад ва ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Ба Астуриас романи «Зани дунажода» (1964) ва китоби ривоятҳо «Оинаи Лида Сол» (1967) тааллуқ доранд. Эҷодиёти Астуриас ифодагари ормонҳои мардуми таҳҷоии Гватемала – ҳиндиёни майя ва эҷодиёти шифоҳии онҳо мебошад. Дар осори Астуриас устураҳои ҳиндиҳо бо воқеияти муосир омезиш дода шуда, тасвир ёфтаанд. Астуриас бо Ҷоизаи байналмилалии ленинӣ «Барои таҳкими сулҳи байни халқҳо» (1966) ва Мукофоти Нобел (1967) сарфароз гардидааст.

  • Уикэнд в Гватемале. Москва, 1958;
  • Избранные произведения. Т. 1˗2. Москва, 1988;
  • Юный владетель сокровищ. Повесть//Легенды Гватемалы. Москва, 1999.
  • Сарчашма

Сарчашма

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2 / А. Раҳмонов.

  • Мигель Анхель Астуриасоли Биобиблиографический указатель. Москва, 1960.
  • 1.0 1.1 German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library ва ғ. Record #118504797 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  • 2.0 2.1 data.bnf.fr: платформа открытых данных — 2011.
  • Other Languages
    azərbaycanca: Miqel Anxel Asturias
    беларуская (тарашкевіца)‎: Мігель Анхель Астурыяс
    Bahasa Indonesia: Miguel Ángel Asturias
    Lëtzebuergesch: Miguel Ángel Asturias
    لۊری شومالی: ميگل آنخل آستورياس
    norsk nynorsk: Miguel Ángel Asturias
    Simple English: Miguel Ángel Asturias
    slovenščina: Miguel Ángel Asturias
    oʻzbekcha/ўзбекча: Miguel Ángel Asturias
    Tiếng Việt: Miguel Ángel Asturias
    მარგალური: მიგელ ასტურიასი
    Bân-lâm-gú: Miguel Ángel Asturias