Анархизм

Anarchy-symbol.svg

Анархи́зм (аз ἀν — «бе» ва ἄρχή — «ҳокимият») — ҷараёни сиёсӣ, ки ба ҳама гуна давлату ҳокимият муросо кардан намехоҳад, низоми муайяни муносибати байни одамонро барои ҳама эътироф наменамояд, озодии номаҳдуди шахсиятро тарғиб мекунад.

Ғояҳои анархизм ҳанӯз дар асарҳои муҳаққиқони антиқӣ ва асримиёнагӣ вомехӯранд, вале ҳамчун низоми муайян бештар дар таълимоти сиёсии давраи Эҳё равшантару барҷастатар ҳувайдо шуданд. Дар шакли комилтар ғояҳои анархистиро нависандаи англис У. Годвин дар китоби «Тадқиқот дар бораи адолати сиёсӣ» (1793) асоснок намуд. Ҳамчун ҷараёни сиёсӣ анархизм дар солҳои 40 асри 19 дар Европа пайдо гардид ва дар ташаккули он М. Штирнер, П. Прудон ва М. Бакунин саҳм гузоштанд. Ба назари онҳо муносибатҳои ҷамъиятии байни одамон бо низоми тарафайн асоснок мегардад, баробарвазнии моликият, баробарқиматии ивази мол ва хизматрасонӣ, қарзҳои бефоиз ба бунёди сохтори федеративии ҷомеа давлатро иваз менамоянд. Анархизм аз чор равияи асосӣ иборат аст: индивидуалистӣ, мютюэлистӣ, дастаҷамъӣ ва коммунистӣ. Дар маркази равияи индивидуалистӣ ғояи озодии мутлақи инсон қарор гирифтааст. Ба он М. Штирнер асос гузоштааст, ки давлатро инкор намуда, ташкилоти иҷтимоии ҷомеаро бо «иттифоқи худбинӣ (эгоистӣ)» як донистааст.

Дар асарҳои намояндагони равияи индивидуалистӣ ғояи мубодила дар заминаи «шартномаи озод» инкишоф ёфта, барои равияи мютюэлистӣ замина гузоштааст. Поягузори ин равия П. Прудон мебошад, ки мубодилаи ғайриэквивалентиро асоси беадолатӣ шумурда, инқилобро ҳамчун воситаи навсозӣ куллан рад намудааст. Асосгузори равияи дастаҷамъӣ (коллективӣ) М. Бакунин мебошад. Ӯ ҳама гуна давлатро воситаи таъқибу зулми одамон дониста, тариқи инқилоб аз байн бурдани онро зарур мешумурд. Идеали иҷтимоиашро ассотсиатсияи коргару деҳқон, дар ҳайати «федератсияи озод» ташкил медод. Тамоми фаъолияти ассотсиатсия дар асоси дастаҷамъӣ вобаста ба иштироки ҳар шахс амалӣ мешавад. Ба равияи коммунистӣ П. Кропоткин асос гузоштааст. Мабдаи таълимоташро «қонуни биосотсиологии ёрии байниҳамдигарӣ» ташкил медод, ки мутобиқи он нақши муайянкунандаро кӯшишу талоши табиии одамон ба ҳамкорӣ ташкил медиҳад. Ба андешаи П. Кропоткин ҳама чизе, ки монеи инкишоф мегардад, аз ҷумла давлат ва моликияти хусусӣ, бояд аз байн бурда шавад. Дар асри 20 анархизм дар Европа мавқеашро аз даст дод ва ҳоло фақат дар баъзе кишварҳои Америкаи Лотинӣ теъдоди ками ҷонибдорон дорад.

Other Languages
Afrikaans: Anargisme
Alemannisch: Anarchismus
aragonés: Anarquismo
العربية: لاسلطوية
مصرى: اناركيه
অসমীয়া: নৈৰাজ্যবাদ
asturianu: Anarquismu
azərbaycanca: Anarxizm
تۆرکجه: آنارشیسم
башҡортса: Анархизм
žemaitėška: Anarkėzmos
беларуская: Анархізм
беларуская (тарашкевіца)‎: Анархізм
български: Анархизъм
brezhoneg: Anveliouriezh
bosanski: Anarhizam
буряад: Анархизм
català: Anarquisme
کوردی: ئەنارکیزم
čeština: Anarchismus
Cymraeg: Anarchiaeth
dansk: Anarkisme
Deutsch: Anarchismus
Zazaki: Anarşizm
Ελληνικά: Αναρχισμός
English: Anarchism
Esperanto: Anarkiismo
español: Anarquismo
eesti: Anarhism
euskara: Anarkismo
estremeñu: Anarquismu
فارسی: آنارشیسم
suomi: Anarkismi
Võro: Anarkism
føroyskt: Anarkisma
français: Anarchisme
Frysk: Anargisme
Gaeilge: Ainrialachas
galego: Anarquismo
گیلکی: آنارشيسم
עברית: אנרכיזם
हिन्दी: अराजकतावाद
Fiji Hindi: Khalbali
hrvatski: Anarhizam
magyar: Anarchizmus
հայերեն: Անարխիզմ
interlingua: Anarchismo
Bahasa Indonesia: Anarkisme
Ilokano: Anarkismo
italiano: Anarchismo
日本語: アナキズム
Patois: Anaakizam
la .lojban.: nonje'asi'o
Basa Jawa: Anarkisme
ქართული: ანარქიზმი
қазақша: Анархизм
한국어: 아나키즘
къарачай-малкъар: Анархизм
Кыргызча: Анархизм
Latina: Anarchismus
Ladino: Anarkizmo
Lëtzebuergesch: Anarchismus
лезги: Анархизм
Lingua Franca Nova: Anarcisme
Limburgs: Anarchisme
lietuvių: Anarchizmas
latviešu: Anarhisms
Malagasy: Anarsisma
македонски: Анархизам
монгол: Анархизм
मराठी: अराजकता
Bahasa Melayu: Anarkisme
Mirandés: Anarquismo
မြန်မာဘာသာ: မင်းမဲ့ဝါဒီ
مازِرونی: آنارشیسم
Nederlands: Anarchisme
norsk nynorsk: Anarkisme
norsk: Anarkisme
occitan: Anarquisme
ਪੰਜਾਬੀ: ਅਰਾਜਕਤਾਵਾਦ
Deitsch: Anarchism
polski: Anarchizm
Piemontèis: Anarchism
پنجابی: انارکی
português: Anarquismo
română: Anarhism
русский: Анархизм
русиньскый: Анархізм
саха тыла: Анархизм
Scots: Anarchism
srpskohrvatski / српскохрватски: Anarhizam
Simple English: Anarchism
slovenčina: Anarchizmus
slovenščina: Anarhizem
shqip: Anarkizmi
српски / srpski: Анархизам
svenska: Anarkism
Kiswahili: Utawala huria
தமிழ்: அரசின்மை
Tagalog: Anarkismo
Türkçe: Anarşizm
татарча/tatarça: Анархизм
ئۇيغۇرچە / Uyghurche: ئانارخىزم
українська: Анархізм
اردو: نراج
oʻzbekcha/ўзбекча: Anarxizm
vèneto: Anarchismo
Winaray: Anarkismo
მარგალური: ანარქიზმი
ייִדיש: אנארכיזם
Vahcuengh: Fouzcwngfujcujyi