Алтруизм

Алтруи́зм ( лотинӣ: Alter — дигар) — ғамхорӣ дар ҳаққи дигарон, гузаштан аз баҳри манфиатҳои шахсӣ, барои дигарон; системаи арзишҳои шахс аст, ки дар он ба сифати мароми марказӣ ва меъёри баҳогузории маънавӣ манфиатҳои шахси дигар ё худ иттиҳодияҳои иҷтимоӣ ба эътибор гирифта мешаванд.

Мафҳум

Истилоҳи алтруизмро файласуфи фаронсавӣ О. Конт (1798 – 1857) ҳамчун муқобилмаънои истилоҳи эгоизм (худпарастӣ) маънидод кардааст. Дар назарияи таҳлили психологии З. Фрейд (1856 – 1939) зуҳуроти алтруизм ҳамчун талаботи нев розии субъект ба суст гардондани эҳсоси гунаҳкорӣ ё худ ҳамчун ҷуброни эгоизми ибтидоӣ, ки мавриди фишороварӣ ба таҳтушшуур гаштааст, фаҳмида мешавад. Алтруизм метавонад дар амалҳои субъект дар вазъиятҳои мушаххаси хатарнок зоҳир гардад (масалан, наҷот додани кӯдак бо баҳои ҷони хеш) ё худ арзиши бошууронае бошад, ки рафтори шахсро умуман муайян намояд. Дар ин ҳолат он ба маънии ҳаёти шахс мубаддал мегардад. Қимати воқеии рафтори башардӯстонаи шахс аз рӯи он арзишҳое муайян мегардад, ки зимни муносибатҳои дуҷонибаи ӯ бо дигар одамон пайдо мешавад. Алтруизме, ки дар ҳама чизро бахшидан, нодидагирии камбудиҳо, худқурбонкунии кӯркӯрона нисбати дигар одам зоҳир мегардад, сифати манфии шахс аст. Ба дараҷаи мутлақият расондан ё худ аз ҳадаш паст баҳо додани алтруизм ба маънии аслии ин истилоҳ мухолиф аст.

Other Languages
Afrikaans: Altruïsme
Alemannisch: Altruismus
العربية: إيثار
asturianu: Altruísmu
azərbaycanca: Altruizm
беларуская: Альтруізм
български: Алтруизъм
bosanski: Altruizam
català: Altruisme
čeština: Altruismus
dansk: Altruisme
Deutsch: Altruismus
English: Altruism
Esperanto: Altruismo
español: Altruismo
eesti: Altruism
euskara: Altruismo
فارسی: ایثار
suomi: Altruismi
français: Altruisme
עברית: זולתנות
हिन्दी: परहितवाद
hrvatski: Altruizam
magyar: Altruizmus
Bahasa Indonesia: Altruisme
íslenska: Ósérplægni
italiano: Altruismo
日本語: 利他主義
ქართული: ალტრუიზმი
қазақша: Альтруизм
한국어: 이타주의
Кыргызча: Альтруизм
Latina: Altruismus
lietuvių: Altruizmas
Bahasa Melayu: Altruisme
Nederlands: Altruïsme
norsk nynorsk: Altruisme
norsk: Altruisme
occitan: Altruisme
polski: Altruizm
português: Altruísmo
română: Altruism
русский: Альтруизм
संस्कृतम्: परोपकारः
srpskohrvatski / српскохрватски: Altruizam
Simple English: Altruism
slovenčina: Altruizmus
slovenščina: Altruizem
shqip: Altruizmi
српски / srpski: Алтруизам
svenska: Altruism
Türkçe: Diğerkâmlık
татарча/tatarça: Альтруистлык
українська: Альтруїзм
oʻzbekcha/ўзбекча: Altruizm
Tiếng Việt: Chủ nghĩa vị tha
中文: 利他主义
Bân-lâm-gú: Lī-thaⁿ-chú-gī
粵語: 利他主義