Аккордеон

Аккордеон (PianoAccordeon)

Аккордеон (фаронсавӣ accordeon) — 1) сози мусиқии забончадор, ки ба воситаи фишори ҳаво садо мебарорад. Аккордеон асосан аз 3 қисм иборат аст: а) клавиатураи тарафи чап, ки овозҳои аккордии тайёр доранд; б) клавиатураи тарафи рост, ки аз забонпардаҳо ва тугмаҳои регистр иборат аст; в) дамгоҳ, ки аз чарми табиӣ ё сунъӣ тайёр карда шуда, ду қисми авваларо бо ҳам мепайвандад ва онҳоро бо ҳаво таъмин мекунад. Аккордеон аз соли 1829 маълум аст. Гармоникаи онро устои венгерии арғунун К. Домиан такмил додааст. Аккордеон солҳои 30 асри 19 дар Австрия, Франсия, Германия, Белгия ва солҳои 50 асри 19 дар Италия, дар даҳсолаҳои охири асри 19 дар Англия, ШМА ва мамолики дигар паҳн гардидааст. Дар Россия номи аккордеон дар шакли «аккордион» охири асри 19 ва аввали асри 20 пайдо шудааст. Солҳои 80 асри 19 дар Россия аввалин дар ҷаҳон оркестри гармоникаи хроматикӣ таъсис ёфт.

Аккордеон аз солҳои 60 то 90 асри 20 дар Тоҷикистон қариб дар ҳамаи ансамблу оркестр ва дастаҳои ҳунарӣ ба тарзи васеъ истифода мешуд; 2) номи гармоникаи хроматикии клавиатураи тарафи росташ ба фортепиано монандро гӯянд. Ин соз дар Русия нисбат ба дигар мамлакатҳои хориҷа пештар (асри 19) пайдо шуд. Клавиатураи тарафи дасти чап аз тугмачаҳои (аз 24 то 140) дорои алҳони тайёри аккордӣ иборат аст. Қатори 1 аз басҳои фаръӣ, 2 – аз басҳои асосӣ, 3 – аз сеовозаи мажорӣ, 4 – аз сеовозаи минорӣ, 5 – аз септаккорди доминантӣ ва 6 – аз септаккордҳои хурд иборатанд. Дар аккордеонҳои хурд баъзе қаторҳо (масалан 6-ум ва 1-ум) вучуд надоранд. Ғайр аз аккордеонҳои одӣ боз аккордеонҳои клавиатураашон комбинатсионӣ мавҷуданд. Ин аккордеонҳо 2 – 5 гурӯҳ забонакҳо барои клавиатураи дасти рост ва 4 – 5 гурӯҳ барои дасти чап доранд, ки ба тавассути тугмаҳои регистр ба кор дароварда мешаванд ва ин барои гуногунранг овоз додани тембри садо кӯмак мерасонад. Бо пайдо шудани сози барқии синтезатор аккордеон дар ансамблҳои эстрадӣ ва дигар дастаҳои ҳунарӣ тадриҷан мавқеи худро аз даст дода истодааст.

Ҳамчунин нигаред

Other Languages
Afrikaans: Trekklavier
Alemannisch: Akkordeon
العربية: أكورديون
asturianu: Acordión
azərbaycanca: Akkordeon
Boarisch: Gwetschn
беларуская: Акардэон
беларуская (тарашкевіца)‎: Акардэон
български: Акордеон
བོད་ཡིག: ལག་སྦྲེང་།
brezhoneg: Akordeoñs
bosanski: Harmonika
català: Acordió
čeština: Akordeon
kaszëbsczi: Akòrdeón
Cymraeg: Acordion
dansk: Harmonika
Deutsch: Akkordeon
Ελληνικά: Ακορντεόν
English: Accordion
Esperanto: Akordiono
español: Acordeón
eesti: Akordion
euskara: Akordeoi
فارسی: آکوردئون
suomi: Harmonikka
français: Accordéon
furlan: Armoniche
Gaeilge: Cairdín
Gàidhlig: Bogsa-ciùil
galego: Acordeón
עברית: אקורדיון
hrvatski: Harmonika
magyar: Harmonika
հայերեն: Ակորդեոն
interlingua: Accordion
Bahasa Indonesia: Akordeon
ГӀалгӀай: Каьхатпандар
italiano: Fisarmonica
қазақша: Аккордеон
한국어: 아코디언
Кыргызча: Аккордеон
Latina: Harmonium
lumbaart: Fisarmonega
lietuvių: Akordeonas
latviešu: Akordeons
македонски: Хармоника
മലയാളം: അക്കോർഡിയൻ
монгол: Баян хуур
Bahasa Melayu: Akordion
Plattdüütsch: Quetschkommood
Nederlands: Accordeon
norsk nynorsk: Trekkspel
norsk: Trekkspill
polski: Akordeon
português: Acordeão
română: Acordeon
sicilianu: Fisarmònica
Scots: Accordion
سنڌي: اڪارڊين
srpskohrvatski / српскохрватски: Harmonika
සිංහල: එකෝඩියන්
Simple English: Accordion
slovenčina: Akordeón
slovenščina: Harmonika
српски / srpski: Хармоника
svenska: Dragspel
ślůnski: Cyjo
Türkçe: Akordeon
українська: Акордеон
oʻzbekcha/ўзбекча: Akkordeon
Tiếng Việt: Phong cầm
West-Vlams: Accordeong
walon: Årmonica
吴语: 手风琴
中文: 手风琴