Автопилот

Блоки идоракунии автопилот пенли приборҳои Боинг-747

Автопилот (аз авто... ва фар. pilote — ронанда) олотест — барои автоматӣ идора кардани апарати париш. Фикри сохтан ва трхи автопилотро К. Э. Тсеолковский соли 1898 пешниход кардааст. Дар СССР аввалин автопилот соли 1932 сохта шуд. автопилот даставвал барои стабилизатсияи харакатҳои кунчии ҳавопаймо хизмат мекард. Ин имконият медод, ки режими матлуби парвоз бе иштироки пилот нигох дошт ашавад.

Нақшаи сохтумони автопилот

Ғояи сохтан ва тарҳи автопилотро К. Э. Сиолковский соли 1898 пешннход кардааст. Дар СССР аввалин соли 1932 сохта шуд. Автопилот сараввал барои устувории ҳаракатҳои кунҷии самолёт (ҳаракат нисбат ба маркази масса) хизамат мекард. Ин имконият медод, ки режими матлуби парвоз бе иштироки сарнишин (пилот) нигоҳ дошта шавад. Такомули минбаъдаи автапилот ба автоматонии тамоми реҷаҳои парвози аппарати париш (аз оғоз то анҷоми парвоз) имкон дод. Автопилот ҳам рул ва ҳам муҳаррикҳои аппарати паришро автоматӣ идора мекунанд. Дар натиҷаи кори автопилот барномаи парвоз бе дахолати сарнишин, аз ҳама муҳимаш дар парвозҳои дарозмӯҳлат нигоҳ дошта мешавад. Бо мурури замон такмил ёфтани аппаратҳои париш ва автоматика автопилот бо дигар автоматҳои парвоз (париш, парвози барномавӣ, гузариш барои нишаст, гузаштан ба даври дуюми парвоз ва ғайра) тавъам карда мешавад. Маҷмӯи ин автоматҳо системаи идораи автоматиро ташкил медиҳад.

Other Languages
العربية: طيار آلي
azərbaycanca: Avtopilot
беларуская: Аўтапілот
български: Автопилот
čeština: Autopilot
dansk: Autopilot
Deutsch: Autopilot
English: Autopilot
magyar: Robotpilóta
Հայերեն: Ավտոպիլոտ
Bahasa Indonesia: Pilot otomatis
қазақша: Автопилот
한국어: 오토파일럿
lietuvių: Autopilotas
norsk: Autopilot
português: Piloto automático
română: Pilot automat
русский: Автопилот
slovenščina: Avtopilot
српски / srpski: Аутоматски пилот
svenska: Autopilot
Türkçe: Otomatik pilot
українська: Автопілот
oʻzbekcha/ўзбекча: Avtopilot
中文: 自動駕駛